-Ҷӯйборо напарида, оҳ гуфтан маъние надорад, рафиқ мушовири адлияи дараҷаи дуюм.
-“Гунҷишкбача ба очааш ҷив-ҷив нишон медиҳад,”- гуфтани мардум беҳуда набудааст калонгарона гуфт муфаттиш.
Номаи овардаамро, ки таваҷҷуҳи ин Архимеди навбаромадро бедор карда натавонист пас гирифта, аз ҷой бархостам ва дигар ба суханони муфаттиш аҳамият надода, аз дар баромадам. Не, мехостам ба вай як - ду сухани обдор гӯям, вале ҳамоно аз райъам гаштам. чунки ҳамон лаҳзаҳо латифае ба ёдам омад:
Хар гуфт: -Ранги алаф обист.
Гург гуфт:- Не, ранги алаф сабз аст.
Ҳарду баҳскунон ба назди шер, ки шоҳи ҷангал буд, рафта масъаларо ба миён гузоштанд.
Шер баъди фаҳмидани асли масъала амр дод:
-Гургро зиндонӣ кунед.
Гург аз ин қарори шоҳи ҳайвонот ҳайрон шуда, эҳтиёткорона пурсид:
-Магар ранги алаф сабз нест?
Шер гуфт:
-Бале, ранги алаф сабз аст, вале сабаби зиндон кардани ту он аст, ки бо хар баҳс кардӣ. Маслиҳати ман ба ту чунин аст:
-“Ҳаргиз бо нодон баҳс накун”.
...11...
Бо таъби хира аз бинои прокуратураи ноҳияи ҳамсоя берун шудам. Шояд агар корам омад мекард, ман муддате дар зери осмони нилфом пиёда қадам мезадам, вале имрӯз ман зебогии табиатро эҳсос накардам ва таксиеро боздошта бо ғамҳои худ мошинсавор ба коргоҳ омадам...
Хостам аз ноомадии кор сарвари идора ва ё муовини эшонро огоҳ созам, вале дӯстам Насим Солеҳ кушоду равшан ба ман фаҳмонд, ки домулло ва муовини аввалашро ба маҷлиси назди вазир даъват намудаанд.
Чанд тан аз ҳамкорон дар миёнсарои ошёнаи якум маро дида, ба тановули нисфирӯзӣ даъват намуданд, вале чун таъбам хира буд, даъвати эшонро рад намуда, ба тарафи ошёнаи дуюм ҳаракат намудам.





