Чун вориди дафтари корӣ шудаву ҷисми хешро ба курсии мулоим гирифтам, баҳри ором намудани рӯҳам лаҳзае ҳам бошад, чашмонамро пӯшидам, вале...
Занги телефон андешаҳоямро парешон кард. Дилу бедилон қоматамро каме ҳам бошад, ба пеш гирифта, даст ба гӯшаки телефон бурда, гулӯ рӯшан намудам.
-Ман Нӯшини Азиз,- баъди салом худро муаррифӣ намуд мусоҳибам ва аз натиҷаи номаи расмии ба суроғаи мо ирсол намудааш пурсон шуд. Муфаттишро ба таври кӯтоҳ аз бебарор анҷом ёфтани миссияи дипломатиам огоҳ намудам.
-Бадии кор дар ҳамин аст, ки дар чунин мавридҳо ҳар кас кӯрпаро ба тарафи хеш кашиданӣ мешавад.
-Акнун чӣ бояд кард?
-Ба умеди ҳазрати Баҳоваддин нашуда, худ аз пай доштани бутта мешавем.
-Самти ҳаракати минбаъдаи хешро донистан мехоҳам?
-Хуб мешуд, агар шумо бо ҳамон духтаре, ки Амин Зариф ба суханонаш бовар накардааст, ҳарчи тезтар суҳбат мекардед.
-Кӯшиш мекунам.
-Умедам ба шумост, рафиқ капитан.
-Ман аллакай як маротиба аз уҳдаи иҷрои супоришатон набаромадам ва кӣ медонад боз чӣ мешавад.
-Ҳамааш нағз мешавад. Афсӯс ки муфаттиши прокуратураи ноҳияи Сино ниятҳои неки моро нафаҳмидааст
-Ҳеҷ кас намегӯяд, ки дӯғӣ ман турш аст.
-Ман чӣ гуфтанамро медонам, чунки на танҳо шумо, балки Амин Зарифро низ мешиносам. Инсон аз ҳавобаландӣ ба ҷое намерасад ва ин нишонаҳоро ман дар амалҳои эшон борҳо мушоҳида намудам.
-Дар гуфтушуниди имрӯза ман гунаҳкорам, чунки ба арзишҳои дипломатия аз паси панҷа нигоҳ намудам.
-Бар гузашта салавот ва хуб мешуд ҳар чӣ тезтар аз пай суҳбат бо духтари Руҳулло Ғаффор мешудед, - гӯён муфаттиш бо ман худоҳофизӣ намуд...





