Ташрифи сарвари идора ва муовинаш ба назди вазир аз ҳисоби вақт барои банда айни муддао шуд, чунки дигар касеро дар идора парвои ман набуд. Аз ҳамин лиҳоз ман диктофон ва ҷузвдони чарминамро гирифта, аз дар баромадам. Чун худи Руҳулло Ғаффор низ сокини ноҳияи мо буд, сари қадам ба шуъбаи шиносномадиҳӣ даромада, аз рӯйи варақаҳои ба қайдгузорӣ дар бораи суроғаи эшон маълумоти саҳеҳ ба даст оварда, сипас ба кӯча баромадам.
Аз он ки муфаттиш Нӯшини Азизро дар бораи шикасти номаи расмиаш ғуборе дар дил набуд, хеле болидарӯҳ шудам ва ба автобус нишаста, баъди бист дақиқа ба маҳали зисти нафаре омадам, ки ду соат пеш ӯро дар бинои прокуратураи ноҳияи Сино дида будам.
Дарро ба рӯям ҳамон нафаре кушод, ки ду соат пеш барои бе навбат ба назди муфаттиш даромаданаш аз ман узр пурсида буд. Шояд ӯ чунинашро интизор набуд ё пайдошавии маро дар остонаи дари хонадонашон чандон фоли нек напиндошта каме дасту по хӯрда, хост ҳамоно дарро ба рӯям пӯшад, вале ман пешдастӣ намуда, поямро каме пештар бурда, дар пӯшидани дар монеа эҷод намудам. Ин амалам боиси изтироби бештари соҳибхона гашт... Ё шояд нафас дар гулӯяш дармонд, ки дар ҳамон лаҳзаи ҳассос сухане ба забон оварда натавонист. Рост гуфтаанд, ки “моргазида аз банди ало метарсад”. Аз эҳтимол дур набуд, ки духтар бандаро қотили падараш ҳам напиндошта бошад. Аҳволи вайро дида ман аз ҷайбам шаҳодатномаи хизматиамро берун оварда, кушода онро ба пеши чашмони духтар бурдам.
-Капитани милиса Сорбони Ҳомид, сарваколатдори кофтукови ҷиноятии ШКД-и ноҳияи Сарчашма,- бо овози шунаво хонд нафаре, ки дарро ба рӯям пӯшидан мехост ва ба қавле маро ба ман шинос намуд.
-Бале.
-Бовар намекунам.
-Чиро?
-Милиса буданатонро.
-Бо 02 занг занед, ба суоли хеш посух хоҳед гирифт.
-Акнун бовар кардам.





