Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 54 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 54 аз 527 · 2 ноябри 2026

-Андешаи хешро ин хел зуд тағйир додан чандон хуб нест ва беҳтар мешуд, ки бо 02 занг зада, шахсияти бандаро муфассалтар муайян мекардед.
-Ҳамаи ин суханони хешро ман ба он хотир гуфтам, ки шумо тайи чил дақиқа барои ба назди муфаттиш даромадан навбат истодед.
-Магар ин бад аст?
-Намедонам, вале пеш аз имрӯз ҳам ман ду маротибаи дигар дар милисаи ноҳияи Сино будам ва бо чашми хеш дидам, ки милисаҳо аслан ба назди ҳамкорони хеш бе навбат медаромаданд.
-Ба назди ҳамкорони хеш ман ҳам гоҳ –гоҳ бенавбат медароям, вале чӣ тавр метавонистам ба назди муфаттиши ноҳияи дигар бе навбат дароям.
-Матлуба, куҷо шудӣ?
-Ин овози модарам, баъди ҳодисаи ба сари падарам омада, қариб ҳаррӯза фишори хунашон баланд мешавад, болои сӯхта намакоб тайи ҳамин ҳафта маро се - чор маротиба ба милиса ва прокуратура даъват намуданд, шояд шумо ҳам барои даъвати банда омадаед?
-Дуруст фаҳмидед.
-Ман рафта наметавонам, чунки таъби модарам хуш нест.
-Модарон ҳамеша сазовори эҳтироманд ва имрӯз ба хотири модари шумо ман аз бурдани шумо ба коргоҳам худдорӣ мекунам, вале...
-Вале чӣ?
-Ман дарду доғи шуморо мефаҳмам, вале роҳбарияти идораи мо ба гумон аст ин амали бандаро пазирад. аз ҳамин лиҳоз, мо бояд ба як қароре биоем.
-Чӣ хел қарор?
-Ман бояд ба чанд суоли хеш дар ҳамин ҷо аз шумо посух гирам.
-Дар ҳамин санҷаки дар?
-Ҳамин ҷо ҳам мешавад.
-Марҳамат ба хона гузаред.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан