-Ташаккур, - гуён ман пой ба остонаи он хона гузоштам ва соҳибхона бандаро то меҳмонхона гусел намуда, ҳушдорам сохт, ки аз аҳволи модараш хабардор шуда бармегардад.
Бархилофи меҳмонхонаҳои дигар ин меҳмонхона қариб назарногир буд. Дар дохили ин чордевори бетонӣ ба ҷуз қолини зебои дар фарш густурдашуда, кӯрпачаҳои якранг бо қолин ва болиштҳо ман дигар чизеро надидам...
Баъди ду - се дақиқа соҳибхона ҳам омад. Духтар гуфт, ки лаҳзае пас модараш ҳам ба наздамон меояд.
-О гуфтед, ки фишори хунашон баланд, пас чӣ лозим буд вайро азоб додан?
-Ман фишори хунашонро худи ҳозир санҷидам, ки он хеле паст шудааст ва боз гуфтам, ки аз милиса ба суроғатон омадаанд ва агар ба идораи милиса рафтан нахоҳед, беҳтар мешуд дар ҳамин ҷо ба чанд суоли онҳо посух мегуфтед. Розӣ шуданд. Дарди инсонро танҳо инсон мебардорад ва шояд бо шумо рози дилашонро кушода, каме ҳам бошад, худро беҳтар ҳис намоянд.
-Магар вайро пештар напурсиданд?
-Пурсиданд, вале дар он шабу рӯз ӯро шинохта намешуд.
Ба гумон, ки дар он лаҳзаҳо вай ҳама ҳолатро ба ёд оварда бошад.
-То омадани модар мехостам ба як суоли хеш аз шумо ҷавоб гирам, хотиррасон мекунам, ки тамоми рафти суҳбати мо ба диктофон сабт карда мешавад.
-Зид нестам.
-Донистан мехостам, ки чаро шумо дар марги падар аз дугонаатон домангиред?
-Аз куҷо гирифтед, ки ман аз дугонаам...
-Яъне домангир нестед?
-Тайи қариб як ҳафтаи охир ман сари марги падар борҳо андеша намудам. Охир ман ҳам духтари хурд нестам, чун дар курси дуюми донишгоҳи тиббӣ таҳсил дорам ва мефаҳмам , ки инсон бе мақсади муайян ба чунин амали нангин даст намезанад. Қиблагоҳи банда ягон мақому манзалати баланде надошт, зиндагиамон ҳам хоксорона аст, модоме ки чунин аст, пас ӯ маблағи калоне ҳам надошт, ки қасд ба ҷонаш намоянд.





