Рафту вайро дар як гӯшаи шаҳр не, балки дар байни кӯчаи серодам ҳадафи тир қарор медоданд, ҳолати мазкурро аз беэҳтиётӣ ва ё аз ҳиссиёти авбошӣ арзёбӣ кардан мумкин буд...
-Дар ин ҷода ман баҳс карданӣ нестам, вале шумо ҳам бояд фаҳмед, ки бе далелҳои кофӣ аз нафаре гумонбар шудан аз рӯйи инсоф нест.
-Мефаҳмам, вале бо як масъулияти бузург арз медорам, ки дар марги қиблагоҳи банда танҳо як нафар даст дорад ва ӯ ҳамон нафарест, ки падари маро қотили падари хеш мешуморад. Бояд гӯям, ки аз нафрати онҳо мо аз маҳалаи зистамон кӯч бастем, падарам то лаҳзаҳои охири ҳаёташ афсӯс мехӯрд, ки аҳли оилаи собиқ сарвари корхонаашон ба бегуноҳии ӯ бовар накарданд, тафтишот бовар карду онҳо не, ронандаро ба маҳкама кашиданду дилашон тар нашуд, ҳарчанд ҳодиса тасодуфан рух додаву дар он худи падари Шаҳноз гунаҳкор аст. Охир чӣ тавр як марди солор андеша накарда, аз қафои мошин дур нарафтааст, ё гапам нодуруст?
-Намедонам, вале ҳамаи ин ҳолатҳо таҳлилу санҷиши иловагиро талаб мекунанд.
-Гумон доред, ки мо баҳри амалӣ шудани нақшаҳоятон ягон монеа эҷод намудаем?
-Ман ин хел нагуфтам.
-То замоне, ки қиблагоҳам дар қайди ҳаёт буд, маро парвои гапу калочаҳои мардум ҳам набуд, вале акнун нигоҳам ба зиндагӣ тамоман тағйир ёфтааст.
-Чӣ хел гапу калоча?
-Дирӯз аз хона баромада, суҳбати ду ҳамсояро шунидам, ки ҳодисаи ба сари падарам омадаро аз амали худаш арзёбӣ намуданд. Гумон накунед, ки ман пайт ҷуста, онҳоро гӯш намудам, не ҳаргиз чунин набуд. Онҳо дар пеши бино истода аз ҳар боб суҳбат доштанд ва омадани маро пайхас накарданд.
Он яке гуфт:
-Дидӣ, ба сари ҳамсояамон чӣ бало омад? Мусоҳибаш ба вай посух дод, ки “ҳеҷ кишт нодарав намондааст”. Ба ростӣ, аламам кард, вале каломе ба забон оварда натавониста, аз паҳлуяшон гузашта рафтам.





