Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 57 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 57 аз 527 · 2 ноябри 2026

-Чӣ илоҷ, ки зиндагӣ ҳама шебу фароз аст ва сарҳади давлатиро осонтар аст бастан назар ба даҳони бадгуҳаре.
Ҳамин суханонамро ман айнан субҳи имрӯз ба Амин Зариф гуфтам, вале чун боде аз як гӯшаш даромада аз дигараш бадар рафт. Ман ҳеҷ фаҳмида натавонистам, чунин нафаре, ки қобилияти шунидани дарди мардумро надорад, чӣ тавр соҳиби вазифа гардидааст?
-Зиндагӣ ин косаи давр аст ё ба таври дигар гӯем, касеро аз нӯшидани он ҷуръаи май, ки номаш марг аст, раҳоӣ нест.
-Гуфтаниед, ки рафтанду равему боз оянду раванд.
-Раҳмат ба гузаштагонатон! Дар асл тафтишот ба ёрии шумо ниёз дорад ва бе дастгирии шумо ба гумон аст, ки ҳақиқат рӯӣ об барояд. Инро ба ҳамон хотир мегӯям, ки ҳодисаи ба сари қиблагоҳи шумо омада бо кушодашавии чашми рӯз ба вуқуъ пайвастааст. Дурусттараш қотил дар байни соатхои 0545 – 06 15 қасд ба ҷони эшон намудааст.
Новобаста аз он ки оғози субҳ ба соати 05 рост меояд, вале аз як гӯшаи шаҳр то дигараш рафтан вақти муайянеро талаб мекунад. Ё қиблагоҳи шумо он шаб дар хона набуд?
-Дар нисбати рӯзҳои пешин он бегоҳ падарам барвақттар аз кор баргаштанд, вале афсӯс ки ҳамон шаб дар хонаи мо оромии кулл ҳукумфармо нагашт.
-Нафаҳмидам.
-Аз маҳалаи зисти пешинаамон кӯч бастани мо боиси осудагиамон нагардид. Гумон доштем, ба ин ҷо кӯчида аз нигоҳи бади мардум, ки падарамро чун қотили Зокири Қосим ба якдигар “муаррифӣ” мекарданд, халос мешавем, вале ин тавр нашуд. Шаҳнози Зокир тавонист дар ин маҳалла ҳам моро ба ҳаққу ҳамсояҳо аз “наздик” шинос намояд. Умуман, ӯ чун соя ҳамеша аз паямон буд, ҳарчанд дар нисбати модараш ман як сухани баде гуфта наметавонам. Рост гуфтанд, ки тақдири хешро” мард аз Худо мебинаду, номард аз рафиқаш.” Падари ман ҳам тайи қариб чор соли охир аз таъқиби духтари рафиқаш халос нашуд, ки нашуд. Аз рӯйи ӯ шуда бечора падарам чанд маротиба ҷой корашро иваз кард. Дид, ки намешавад, соле пеш, аниқтараш якуним сол пештар ба Русия рафт. Ду моҳ пеш аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргашт ва дар минтақаи “Буни Ҳисорак” мо ҳавлие харидем.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан