Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 58 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 58 аз 527 · 2 ноябри 2026

Албатта, хонаҳо таъмирталаб буданд ва падарамро лозим буд, ки ҳарчи тезтар онҳоро аз таъмир барораду мо сари хешро гирифта аз ин маҳалла ҳам, ки дар чашми ҳама чун гови ало менамудем, фирор намоем, вале афсӯс ин орзуямон ҳам амалӣ нашуд.
Ҳамон бегоҳ, вақте мо сари дастурхон менишастем, садои занги телефон баланд шуд ва ман рафта гӯшакро бардоштам.
Нафаре падарамро пурсид ва ман қиблагоҳамро ба сари телефон, ки дар долон буд, даъват намуда, гӯшакро ба дасташ дода худ ба ошхона рафтам. Дигар намедонам байни онҳо чӣ гуфтугӯе шуд. Чун падарам баъди ду се дақиқа баргашт, авзояш парешон буд. Сабаб пурсидем, ӯ ман ва модарамро дар ифшо кардани асрори хонадон, ки гӯё гуфта бошем хонаҳоямонро дар фурӯш гузоштем, гунаҳкор кард.
-Яъне, зангзананда харидори хона будааст?
-Намедонам.
-Оё гуфта метавонед, ки чаро падаратон дар он субҳи солеҳон ба гӯшаи дигари шаҳр рафт?
-Дасти шахшули зиндагӣ на як бору ду бор сари қиблагоҳи бузургворамро “сила”намуда. Падарам дар хонаи бачагон тарбият ёфта буд ва баъди ба синни камолот расидан воқеаҳои зиёдеро аз сар гузаронидааст. Се сол дар ҳайати қӯшунҳои шӯравӣ хоки Афғонистони бародарро ҳимоя намуд, вале чӣ хеле худаш мегуфт, боре ҳам касе дар мулки бегона руҳи вайро нашикаста буд. Дар хориҷи кишвар музаффариятҳои Инқилоби Саврро ҳимоя намуд, вале дар ватани худаш қурбони дасисабозиҳои духтари рафиқаш гашт, қурбонӣ дасисабозиҳои нафаре, ки ҳанӯз аз даҳонаш бӯйи шир меояд. Ба ростӣ, Шаҳнози Зокир рӯҳи падари манро шикаста буд ва инро ман на ба он хотир мегӯям, ки вайро бад мебинам. Бовар кунед, ман чӣ гуфтанамро медонам ва агар нафаре, ки имрӯз ман дар ҳузурашон будам, ба суханонам гӯш мекард, кайҳо нӯги он гиреҳро кушода буд.
Мо, ки нияти ҳарчи зудтар ба ҳавлии нав кӯч бастан доштем ва ин амали некро аз ману модарам дида падарам бештар мехост. Маҳз барои амалӣ гаштани ниятҳояш қиблагоҳам чанд соат пеш аз оғози кори идоравиаш ва боз баъди анҷоми кор ҳам ба ҳавлии нав мерафт ва ба таъмири хонаи нав дасту остин бармезад.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан