Баъди харидани ҳавлии нав падарам як бегоҳ бо таъби хира ба хона баргашт. Шаб фишори хунашон баланд шуд ва мо ҳатто “Ёрии таъҷилӣ”- ро ҷеғ задем. Баъди ду рӯз аз забони модарам фаҳмидам, ки он рӯз падарам дар наздикии “Боғи ҳайвонот” (ин ҳамон роҳест, ки ба ҳавлии нави мо мебарад) бо Шаҳноз рӯ ба рӯ омадааст. Аз рӯӣ гуфти модарам собиқ дугонаи ман ҳатто ба саломи падарам алейк нагуфтааст. Боз мегӯянд, ки салом қарзи Парвардигор аст...
Он субҳ, чун рӯзҳои пешин, падарам барвақт - ҳанӯз чашми рӯз накафида аз хона баромадаст. Ман чун аз хоб бедор шудам, модарам гуфт, ки падарат ба ҳавлии нав рафт.
Осуда шудем, бехабар аз он ки дар он лаҳзаҳо қиблагоҳам кайҳо бо дунёи фонӣ падруд гуфтааст.
Тахминан соатҳои 10 моро ба ШКД ноҳияи Сино даъват намуданд.
Эй кош гӯшҳоям кар мешуданду дар он лаҳзаҳо суханони ҳомиёни тартиботро намешунидам. Сипас нафаре аз милисаҳо ману модарамро то ба мурдахонаи тибби – судӣ ҳамроҳӣ намуд. Дар он ҷо мо ҷисми кайҳо сардшудаи падарро дидем...
Духтарро ашк дар чашмонаш ҳалқа зад ва узр пурсида, аз дар баромад.
Ман боз дар байни он чордевори бетонӣ сари андешаҳои хеш танҳо мондам...
Бозиҳои пасипардагии калонсолон ворисони ягонаашонро, ки замоне аз гулӯи якдигар об менӯшиданд, ба сангарҳои муқобил овард. Акнун ҳар кадоме аз ин дугонаҳо кӯшиш ба харҷ медод, то тарафи дигарро дар марги падари хеш гунаҳкор созад.
Ҳар кадоме аз ин ворисон мехост ҳодисаи ба сари хонадонашон омадаро бо навои дили хеш ҷӯр созад ва тафтишотро бовар кунонад, ки дар ҳама бадбахтиҳои ба сари хонадонаш омада нафари бегона не, балки дӯсти собиқ гунаҳкор аст.





