Шунаванда низ навои ин оҳангро аз рӯй вазифаи ба душ доштааш гӯш мекард, ҳарчанд шунидани ин навоҳо барояш осон набуд.
Чӣ оҳанги гӯшхароше буд ин оҳанг – оҳанги дареғ.
Мавҷи хаёлотҳои бе сару нӯг маро бо ҳама андешаҳоям аз як соҳил ба соҳили дигар мебурд ва банда баҳри раҳоии хеш даст ба буттаи назди соҳил бурдам...
То шамол набошад, шохи дарахт намеҷунбад ва албатта, нафароне, ки бо ман сари суҳбат қарор доштанд, мисли буттаи оташгирифта сӯзиши аз замирашон бархостаро, чун оҳанги навои ба гиря наздик ба самъи шунавандае, ки аз рӯйи ваколат ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандонро ба душ дошт, арзонӣ доштанд, вале чун навозандагони бе нота (далелҳои шайъи) мақомро иҷро мекарданд, ки он бо садои дили ман ҷӯр нашуд, ки нашуд.
Ба қавле буттаро доштам, вале чун решааш устувор набуд, канда шуд ва ин дафъа мавҷи бузургтаре ману он буттаи дар талоши ҳаёт ба даст овардаамро дар самти ҷараёни шӯхи рӯд рост карда, ба поён бурд...
Дар талоши ҳаёт ман хеле дастак задам, вале он буттаи дар дастам бударо сар надодам. Дилам гувоҳӣ медод, ки танҳо ҳамин бутта дар ин дарёи пуртуғён наҷотбахши ман хоҳад шуд, мисли ҳамон пораи чубе, ки Робинзон Крузоро13 ба соҳил бурда...
Буттаро боз ҳам сахттар доштам ва бо як азобе онро чун охирин умед дар талоши ҳаёт дар самти ҷараёни об рост намудам.
Матлуба аз нав вориди меҳмонхона шуд. Нигоҳаш аз лаҳзаи аввали дидор дар прокуратураи ноҳияи Сино ба назарам маҳзунтар намуд.
Нигоҳи маҳзун ва ашки дар чашмони мешии духтар ҳалқазада бандаро аз он рӯди пурталотум ба сӯйи хеш ово мекард ва ҷаззобияти ҳамон нигоҳ ман он буттаи наҷотбахшро аз зери мавҷҳои рӯди хурӯшон ба соҳил овард...
13 Ишора ба асари Даниэль Дефо “Робинзон Крузо”.





