Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 61 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 61 аз 527 · 2 ноябри 2026

-Ҳамаи умедамон ба шумо, - ниҳоят худро ба даст гирифта гуфт Матлуба.
-Ба фикрам, ҳамин нишондодатонро дар прокуратураи ноҳияатон сабт намуданд ва агар чунин аст, албатта, рӯзе ҳақ ба ҳақдор мерасад.
-Афсӯс ки чунин нест, ин шумо будед, ки дар рафти суҳбат боре ҳам суханамро набуридед, имкон додед то банда дарду доғи хешро баҳратон арзонӣ дорам. Амин Зариф бошад, ҳар замон суханамро мебурид, далелҳо талаб мекард ва ба гумон аст ӯ ба ману модарам, ки аз ғами зиёд бистарӣ шудааст, ёрӣ дода тавонад. Ман акнун фаҳмидам, ки на ҳар кас қобилияти дарки бадбахтии дигаронро дорад. Хоҳиш мекунам маро дуруст фаҳмед.
-Ваъда намедиҳам, вале ҳама кори аз дастам меомадаро хоҳам кард, то асли воқеаро рӯӣ об барорам. Хуб шуд, ки суҳбатамро бо шумо дар диктофон сабт намудам. То фардо банда онро ба протоколи пурсиши шоҳид мегузаронам ва шуморо лозим меояд ба коргоҳи ман биёед ва онро хонда, гуфтаҳоятонро бо имзои худ тасдиқ намоед. Сипас ман нишондоди шуморо ба сарвари гурӯҳи тафтишотӣ медиҳам.
Беҳтар мешуд, агар мо ҳарду якҷоя ба назди сарвари гурӯҳи тафтишотӣ Нӯшини Азиз мерафтем. Боварӣ ҳаст, ки вай шуморо бештар мефаҳмад ва дар якҷоягӣ, албатта, мо роҳҳои ҳалли ин муамморо ҷустуҷӯ мекунем. Мардумон беҳуда нагуфтаанд, ки:
-“Ҷомаи бомаслиҳат кӯтоҳ намеояд.” Дар омади гап, бояд шуморо огоҳ намоям, ки бе ёфтани далелҳои шайъӣ тафтишот дар ҳалли ҳама гуна муаммо дасткӯтоҳ аст.
-Мефаҳмам, вале чӣ илоҷ маро низ далеле дар даст нест.
-Аминам, ки аз ҳодисаи ба сари дугонаатон омада хабар доред?
-Ҳа, Амин Зариф ба ман гуфт, нафареро, ки шумо дар марги падаратон гумонбар ҳастед, худ ҷабрдида аст ва бо амри тасодуф ҷон ба саломат бурдааст.
-Мутаассифона, дар суханони Амин Зариф заррае муболиға нест.
-Пас чаро ин дафъа ӯ аз ман домангир нашудааст?

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан