Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 62 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 62 аз 527 · 2 ноябри 2026

-Чунки нафари тапончаро ба тарафаш рост намуда, намояндаи ҷинси латиф набудааст.
-Мақсад аз чунин амал дар чӣ будааст?
-Мо ҳам намедонем.
-Амин Зариф гуфт, ки баъди чанд соати ҳодисаи ба сари падари ман омада нафаре дар рӯ ба рӯӣ қабристони шаҳрӣ ба сӯйи Шаҳнози Зокир тир холӣ намудааст.
-Ҳодиса айнан чунин рух додааст.
-Дар он субҳи содиқ Шаҳноз дар қабристон чӣ меҷустааст?
-То ҷое, ки мо иттиллоъ гирифтем, бо дастагуле ба сари манзили қиблагоҳаш рафта будааст.
-Аҷиб.
-Нафаҳмидам.
-Ҳодисаеро ба ёд овардам...
-Шуниданаш мумкин?
-Ягон ҷой пинҳон карданаш нест. Ҳангоми таҳсил дар синфи нуҳум аҳли синфро дар аввалҳои моҳи май аз рӯйи нақшаи мактаб, ки ба ифтихори Рӯзи Ғалаба чун ҳафтаи “Ёдбуд” номгузорӣ шуда буд, ба қабристони шаҳрӣ бурданд, вале Шаҳнози Зокир “касал шудам” гӯён ба қабристон нарафт. Ду рӯз пас вай ба ман гуфт, ки аз рӯйи шариати Ислом ба қабрисон рафтани зан – духтари мусулмон ҷоиз нест. Ҳамон сол Шаҳноз дар назди кадом як бибихалифае таълимоти пинҳонии динӣ мегирифт. Ман ба суханонаш бовар кардам.
Акнун ба вай чӣ шудааст, ки дар танҳоӣ бо гулдаста ба манзили хомӯшон рафтааст?
-Шояд марги падар сабаб гардидаву ӯ хурофотро ба гӯшаи фаромӯшӣ дода.
-Шояд, вале боварам намеояд, ки ҷомаи сиёҳ бо шустан сафед шавад.
Боз ба чанд суоли дигар, аз ҷумла дар атрофи ҳарду ҳамсояе, ки қалби вайро баъди марги падараш шикаста буданд, посух, гирифта то субҳи фардо бо вай худоҳофизӣ намудам...

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан