...12...
Муфаттиши прокуратура Нӯшини Азиз оид ба нишондоди шоҳидон дар пеши дарвозаи маркази қабристони шаҳрӣ изҳори нигаронӣ намуд.
Абдурашиди Шариф, ки бо азобе ҳарду шоҳидро ёфта ба прокуратура оварда буд, оид ба андешаҳои муфаттиш эътироз намуд, вале...
Муфаттиш сари суханони хеш устувор истода, нишондодро бофтаи хаёлоти худи шоҳидон номид.
Умуман, пурсиши онҳое, ки собит намудан мехостанд, ки гузаштани тирро аз баногӯши духтар дидаанд, байни аъзои, гуруҳи фаврӣ - тафтишотӣ як ҳамдигар нофаҳмиеро ба миён овард.
Чун муфаттишро прокурор ба наздаш даъват намуд, мо низ лаҳзае танаффус эълон намуда, ба саҳни ҳғавлӣ баромадем:
-О, ин чӣ хел мешавад? - баробари ба саҳни ҳавлӣ баромадан ба тарафи ман нигариста пурсид ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ Абдурашиди Шариф.
-Ҳар он чӣ ки бояд рух медод, ҳамон субҳ рух дод ва аз он бадтар намешавад.
-Нафаҳмидам.
-Мо ҳам дар кори хеш меъмор ҳастем, меъморе,ки раванди рост рафтани девор ба вай вобастагӣ дорад ва чаро оқил кунад коре, ки боз орад пушаймонӣ.
-Оё ин теша ба решаи тафтишот задан нест? - нуқтаи назари хешро пинҳон надошта изҳори нигарони намуд Абдурашид.
-Мо ба решаи тафтишот не, ба решаи хаёлҳои бофта теша мезанем. Тайи солҳои дар милиса кору фаъолият намуданам бисёр ҳам набошад, вале шоҳиди баъзе ҳолатҳе гаштаам, ки инсонҳо дар чунин вазъият ба ҷабрдида ёрӣ додан мехоҳанд ва агар нишондоди онҳо қалбакӣ ҳам бошад, он бетамаъ ба анҷом расонида шудааст. Моро лозим меояд то шоҳидонро бовар кунонида тавонем, ки нишондоди бардурӯғ низ чун бори каҷ аст ва бори каҷ ҳаргиз ба манзил намерасад.





