-Пас ҷавобгарӣ барои нишондоди бардурӯғ чӣ мешавад?
- боз пурсид Абдурашид.
-Инро аввал собит намудан лозим, ки онҳо дурӯғ гуфтаанд. Худ тасаввур намоед онҳо дар ҷой ҳодиса буданд?
-Бале.
-Садои тирро шунида метавонистанд?
-Чун онҳо бо ҷабрдида дар масофаи наздик қарор доштанд, инкор намудани ин амал ғайриимкон аст.
-Ана дидед ва боз модоме, ки худи муфаттиш нишондоди он ду нафарро хаёлоти бофта номид, пас, албатта, ӯро далеле дар даст ҳаст, - гӯён мо дубора вориди бино шудем, чунки муфаттиш ба шишаи тиреза ангушт зада, аз бозгашти хеш аз назди патронаш хабар дод.
-Узр барои он суҳбати нотамом. Аз он ки бандаро интизор шудед, ниҳоят минатпазирам. Хайрият шефро ба прокуратураи шаҳрӣ даъват намуданд ва мо ба осонӣ халос шудем, вагарна кӣ медонист ин интизориҳои шумо боз чӣ қадар тӯл мекашид, - гуфт Нӯшини Азиз ва мо боз сари муҳокимаи масъалаи асосӣ баргаштем.
-Новобаста аз он ки нигоҳи ману рафиқ лейтенанти калон (муфаттиш ба тарафи Абдурашиди Шариф ишора намуд) дар оғози суҳбат аз як нуқта нагузашт, банда онро чун баҳс барои дарёфти ҳақиқат мепазирам. Бояд зикр намоям, ки офтобро бо доман пӯшонида намешавад ва мо низ наметавонем ба хотири пешравӣ дар кор ба рафти ҳодисаҳо аз паси панҷа нигарем ё чӣ хеле мегӯянд:
-Афлотун дӯсти ман аст, вале ҳақиқат авлотар.
-Ҳамаи ин суханонамро бо далелҳои зерин пешорӯйи шумо мегузорам, то дар якҷоягӣ ба як қарори дуруст биёем.
Тайи ин чанд рӯз ман нишондоди аввала ва дуюми шоҳидонро бо нишондоди Шаҳнози Зокир муқоиса намудам ва дар ҳамин муҳлати кӯтоҳ (байни як ҳафта) дар нишондодҳо ихтилофоти ҷиддиеро дарёфтам, ки ҳақиқӣ будани нишондоди шоҳидонро ба зери шубҳа мегузорад. Ҳамаи инро сабаб он аст, ки ҳангоми садо додани тир шоҳидон нияти вориди дарвоза шудан доштанд ва агар кор аслан чунин рух дода бошад, онҳо пушт ба тарафи Шаҳнози Зокир меистоданд.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




