Ҳарчанд чун шумо ман бо яроқ сару коре надоштам, вале нони милиса хӯрдаам, чунки қиблагоҳам тайи қариб сӣ сол дар милиса кору фаъолият дошт ва гоҳҳо у тапончаашро ба хона меовард ва ману бародаронам дар бораи хусусиятҳои техкикию тактикии он дар қиёс бо дигар навъҳои яроқ пурсон мешудем...
Новобаста аз он, ки тири тапонча дар нисбати дигар навъҳои яроқ ба масофаи зиёд парвоз намекунад, вале аз рӯӣ хусусиятҳои техникиаш тапончаи Макаров агар қотил дар ҳақиқат аз чунин навъи тапонча истифода бурда бошад, дар як дақиқа то 30 (сӣ) дона тирро аз худ берун оварда метавонад, яъне, дар ду сония як тир. Ин дар ҳолатест, ки тирпаронӣ аз чунин нафъи тапонча ба таври алоҳида – алоҳида сурат мегирад. Аз ин бармеояд, нафаре, ки пушт ба тарафи садо меистад, баъди шунидани садои ногаҳонӣ лаҳзае лол мемонад, сипас бояд дар мизони ақл баркашад, ки садо аз кадом тараф баланд шуд ва танҳо баъди ин рӯӣ ба ҳамон самт меорад. Бигузор ин амалҳои инсонӣ ҳамагӣ ду сонияро ташкил кунанд, вале ин ҳам як дермониест, чунки садои тир чун садои рӯшноист ва дар чунин масофаи хурд то ба марра расиданаш як сония ҳам кофист.
-Пас чаро онҳо андешаи амали хешро накарданд? - пурсид шогирди банда.
Табиати инсонӣ чунин аст, ки мехоҳад фитодаеро даст гирад. Онҳо дар асл садоро шуниданд ва мо низ онро инкор карда наметавонем, вале гузаштани тирро аз баногӯши духтар дида наметавонистанд. Ба замми ин, садои имдодҷӯёнаи Шаҳнози Зокир “Ёрӣ диҳед!” онҳо аввалину охирин шоҳидоне буданд дар он маҳал. Бубинед ба ёрии ҷабрдида шитофта, сипас ба милиса занг заданд. Тайи муддате, ки онҳо то назди ҷабрдида расиданд, қотил тариқи мошин аз он маҳал хеле дур рафт. Ин дар ҳолест, ки аз рӯйи нишондоди ҷабрдида қотил аз мошин берун омадаву ӯро ба нишон гнрифта, ва боз бемалол ба сари чанбараки мошин баргашта ва аз он маҳал фирор намуда... Акнун худ қазовот намоед.
-Ҳеҷ чизро нафаҳмидам, - иқрор шуд Абдурашид.





