Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 66 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 66 аз 527 · 2 ноябри 2026

-Вақт худ довари аслии амалҳои мост ва рӯзе мерасаду ҳақиқат рӯӣ об мебарояд.
-Бузак намур, ки баҳор мешавад, - боз лаҷоми эътирозро ба даст гирифта, андешаҳои ҳанӯз дар як гӯшаи дилаш ҷойдоштаро берун овард шогирди банда. Маълум шуд, ки Абдурашид аз асп фаромада бошад ҳам, вале ҳанӯз пой аз рикоб нагирифтааст.
-Рафиқ лейтенанти калон, хоҳиш мекунам аз шикасти ночизе фоҷиа насозед, ҳол он ки дар ҳодисаи мазкур ман шикастеро ҳам надида истодаам, - ба дифои суханони хеш бархеста гуфт муфаттиш.
-Шояд зери коса боз нимкосаест?
-Инкор намекунам, вале бояд иқрор шуд, ки дар ин самт ҳам моро далеле дар даст нест. Гумон мекунам дар рафти ҳаракатҳои аввалини тафтишотӣ мо ба ягон хато роҳ додаем.
Хато аслан ҷиддӣ нест, вале ба андешаи банда ҳамон зарраи хурд монеаи пешравӣ дар кори мо гардидааст. Хуб мешуд, агар шумо минбаъд ҳангоми гузаронидани амалиётҳои ҷустуҷӯӣ аз ҳамин кунҷ ба рафти ҳодисаҳо нигоҳ мекардед.
Абдурашиди Шариф, ки то ин лаҳза дар рафти баҳс “садри маҳфил” буд, дигар каломе ба забон наовард. Шояд ҳамаи инро сабаб он буд, ки муфаттиш ниҳоят инсони боандеша буд ва пеш аз каломеро ба забон овардан онро аз сару бар дар мизони ақл бармекашид. Нӯшини Азиз рост гуфт, ки дар кори мо дастовард ё шикасти алоҳида нест ва дар ҳама ҳолат ҳарду ин натиҷаҳоро чун амали муштарак баҳогузорӣ мекунанд. Ба ҷавонии хеш нигоҳ накарда, ин бонуи дарёдил аз нигоҳи дипломатия моро ба ҳамдилӣ даъват намуда, онро бо як каломи зебое “зӯри мушт дар муттаҳидии ангуштон аст” баён намуд...
-Рафиқ капитан, боз он чӣ кунҷест, ки муфаттиш моро барои нигоҳ кардан ҳушдор сохт, - баробари аз бинои прокуратура берун шудан пурсид Абдурашиди Шариф.
-Аз баҳси шумо ва бону Нӯшин ман ба хулосае омадам, ки нигоҳи сарвари гурӯҳ нисбат ба рафти ҳодисаҳо аз нигоҳи мо пештар аст.
-Чӣ хел пештар, шумо чиҳо гуфта истодаед?

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан