-Мо дар ҷой ҳодиса гилзаро ёфтем?
-Не.
-Аз рӯи троектория ва самти ҳаракати тир мебоист мо он пораи қӯрғошими аз нӯги тапонча беруномадаро, ки ба қавле аз баногӯши духтар гузашта буд, меёфтем, вале дар ин самт ҳамаи кӯшишҳои мо бе натиҷа анҷом ёфт, ё гапам нодуруст?
-Ҳамааш дуруст.
-Ин дар ҳолатест, ки тир баъди тамом шудани суръати ҳаракаташ бояд ба замин меафтид, вале дар ин ҷода ҳам мо соҳиби дастоварде нашудем...
-Бовар намекунам.
-Ба чӣ?
-Ба он чӣ ки тир аслан аз тапончаи ҳақиқӣ бурун омада бошад.
-Барои ба чунин хулоса омадан мо бояд боз як маротиба ҷой ҳодисаро аз сару бар мавриди санҷиш қарор диҳем ё чӣ хеле мегӯянд хоки он ҷоро аз ғалбер гузаронем, чем чёрт не шутит14.
-Чанд рӯз пеш шумо гуфтед, ки гилзаи холӣ аз эҳтимол дур нест, ки ба ҷӯйи паҳлуи роҳ наафтида бошад. Пас чаро имрӯз шумо ҳамон назарияро пуштибонӣ накардед.
-Инкор намекунам, ки ман чунин гуфтам ва натанҳо ба шумо, балки ин нуқтаи назарро ман дар ҳузури сардори милиса ва Асад Ғанӣ ҳам ҳимоя карданӣ шудам.
-Вале имрӯз шумо ба дифои суханони хеш қадаме нагузоштед?
-Корҳои ҷустуҷӯӣро низ чун ҳавои тағйирёбандаи баҳорӣ пешгуӣ намудан ғайриимкон аст.
-Бубинед, мо андешаҳои нафареро, ки аз дафтари кориаш берун набаромадааст, ҳамин хел ба осонӣ қабул намудем.
-Сараввал манзуратон бод, ки муфаттиш нуқтаи назари хешро ба сари мо бор накард, фақат гуфт, ки ба рафти ҳодисаҳо аз дигар кунҷ бояд назар кард.
-Боз чӣ?
14 Шайтон чӣ шӯхиҳое намекунад (мақоли русӣ).





