-Муфаттиш аз дафтари кориаш берун наомада бошад ҳам, ба рафти ҳодисаҳо на бо нигоҳи чашм, балки бо нигоҳи дил назора намудааст ва чунин нигоҳро “таҳлил дар тафтишот” мегӯянд.
-Бурд, бурди шумо рафиқ капитан, - гуфт Абдурашид ва мо таксиеро боздоштем...
...13...
Ба беморхонаи шаҳрӣ ба аёдати “дустамон” Файз Камол шитофтем, вале корамон боз омад накард...
-Он кас лаҳзае пеш рафтанд, - хабар дод ҳамшираи шафқат.
-Ба куҷо?
-На хауз15.
-Баъди ҷарроҳӣ чӣ хел оббозӣ мешудааст? - шӯрида гуфт шогирди банда.
-Бонуро модарашон олмонист ва аҳён – аҳён ҳам бошад.
хумори суҳбат бо забони модарӣ ӯро ба сар меояд, - авзои парешони моро дида, ба ҳимояи ҳамшираи шӯхтабиат пардохта гуфт марди хилъати сафедпӯше, ки ҳамон лаҳзаҳо долони дарозрӯяро убур намуда, ба миёнсарои ошёнаи сеюми бино баромада буд.
-Беморро ҷавоб доданд ва ӯ ба хонаашон рафт, - гуфт мусоҳиби аввалаи мо.
-Танҳо рафт?
-Не, ҳамроҳи ҳамон милиса.
Бо ҳамшира худоҳофизӣ намуда, аз ошёнаи сеюм ба поён ҳаракат намудем, вале...
Беморро не, балки муҳофизи вайро дар пеши дари даромадгоҳи бино дидем.
-Зерҳимояат дар куҷост? - пурсид Абдурашид.
-Вай рафт.
-Танҳо?
-Бале, рафиқ лейтенанти калон.
-Чаро шумо ҳамроҳаш нарафтед?
15 Хауз – хона (забони олмони) -Чунки “ставка”16 барои рафтани банда розигӣ надод.





