Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 69 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 69 аз 527 · 2 ноябри 2026

-Чӣ хел розигӣ ? Рафту ҳодисае рух диҳад, кӣ ҷавобашро медиҳад?
“Ставка” масъулиятро ба душ гирифт.
-Рафиқ сержант “ставка – ставка” гуфта мешинед. О, содатар карда мақсаду мароми хешро баён намоед, бори аввал ба суҳбат ҳамроҳ шуда гуфтам ман.
Соате пеш аз беморхона ҷавоб додани зерҳимояам ман ба командири рота тариқи радиоалоқа гузориш додам. Баъди бист дақиқа он кас занг зада, амр намуданд, ки сарвари милиса давом додани назоратро аз қафои Файз Камол напазируфтааст. Аз ҳамин лиҳоз командири рота ба ман супориш доданд, ки эшонро гусел намуда ба идора баргардам.
Лаҳзае пеш Файз Камолро ба таксие шинонида гусел намудам ва акнун ман ҳам асбобу анҷомамро гирифта, ба коргоҳ меравам.
-Хуш, мулло Абдурашид, ба инаш чӣ мегӯед?
-Уштур ҳамаро бардоштаву элакро не...
-Шояд ҳаминаш беҳтар будагист?
-Намедонам, рафиқ капитан.
Дар каломи лейтенанти калон як дилсардиеро эҳсос намудам, айён буд, ки амали сарвари милиса ба вай маъқуд нест, вале ба гумон буд Ҳамид Ҷовид қарори хешро дигар намояд. Мӯйсафед марди сухан аст, лозим ояд сарашро зери теғ мениҳаду суханашро пас намегирад. Ба замми ин домулло аз рӯзҳои аввали ҳодиса моро огоҳ намуда буд, ки милиса як умр наметавонад бехатарии Файз Камол ва Шаҳнози Зокирро ба душ гирад. Шояд вай ҳам вазъи корҳои назоратиро дар чанд рӯзи охир таҳлил намуда, ба чунин хулоса омада бошад.
Мо бо сержанти милиса, ки барои гирифтани асбобу анҷомаш баргашта буд, худоҳофизӣ намуда ба самти баромадгоҳ ҳаракат намудем.

16 Ставка –ишора ба маънои боло.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан