-Акнун чӣ мешавад? - баъди аз дарвоза баромаданамон пурсид Абдурашид.
Ҳамин як суол чун гирдбод давр заду давр ва аз чархидани он сари ман ҳам чарх заду чарх ва чӣ тавр дар иҳотаи ин ҳама даврзанӣ ва чархзаниҳо монданамро худам ҳам нафаҳмидам...
Аз нигоҳи ҳамонлаҳзаинаи банда андешаҳои муфаттиш доир ба хаёлҳои бофтаи шоҳидон дар қабристони шаҳрӣ, ки ба ҳимояи Шаҳнози Зокир дасту остин барзада буданд, дар нисбати қарори қабулнамудаи сарвари милиса хӯшае аз хирман буд. Агар чунин набудӣ, ба гумон буд, ки ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ онро чунин наздик ба дил қабул мекард.
Хӯшае, ки ба хирмани бузург аз буду набудаш зиёне нарасад. Зиндагӣ чун хирман аст ва инсоният ҳама донаҳои ин хирман. Бо нобудшавии даҳу саду ҳазору миллион чунин донаҳо ба он хирмани бузург осебе нарасад, вале чун худи хирман бо ҷунбиши чархи фалак нобуд шавад, дигар донае намонад...
-Чаро ба даҳон об гирифтед, рафиқ капитан - бандаро аз байни андешаҳоям дигарбора берун овард шогирд.
-Сари ҳамон саволи додаат андеша дорам.
-Набошад ба кадом хулоса омадед? Оё гуфта наметавонед, ки баъди қабули чунин як қарори бемаврид чӣ мешавад?
-Худо медонад.
-Шояд айб на дар ош, балки дар мош аст?
-Нафаҳмидам.
-Охир ҳамаи он назарияҳои пешниҳоднамудаамон чун девори гилин фурӯ рафтанд.
-Дурусттар мешуд, агар мегуфтед, ки ба таъсири омилҳои беруна тоб наоварданд.
-Аз иваз кардани ҷойи ҷамъшавандаҳо ҳосили он тағйир намеёбад.
-Шояд ҳақ ба ҷониби, шумо бошад, рафиқ лейтенанти калон, вале аз хотир набароред, ки ба ҷуз соҳиби гов дузд ҳам Худо мегӯяд...
-Бо ҳалво гуфтан...
-Набошад рафтем!
-Ба куҷо?





