-Ба манзили Файз Камол.
-Ман вайро пурсидам, ба гумон аст, ки...
-“Аз ноумедиҳо басе умед аст” гуфтаанд.
-Қабул.
-Рафтан нахоҳед, метавонед аз пайи дигар корҳоятон шавед.
-“Дӯст он бошад, ки гирад дасти дӯст...”
-Ташаккур, вале манзуратон бод, ки банда на парешонҳолам ва на дармонда.
-Беҳтараш, ки якҷоя равем, - гуфт Абдурашид ва таксиеро боздошт...
...14...
Дарро ин дафъа ба рӯямон духтараки пахмоқмӯйи ҳафт– ҳаштсолае кушода бе калому салом: - Дадоҷонам худи ҳозир омадаанд. Шумо, амакҷон, ба аёдати дадоҷонам омадед? - пурсид мусоҳиби хурдакаки мо ва дарро ба рӯямон боз кард, вале...
Дидори мо боиси болидарӯҳии соҳибхона, ки шояд ҳанӯз фурсати нафаси дуруст гирифтан наёфта буд нагашт, аммо ӯ моро дида дилу бедилон “марҳамат гузаред” гуфт.
-Аслан шуморо ташвиш доданӣ набудем, вале чӣ илоҷ, - узр пеш овард Абдурашид.
-Боке нест, - бо дили нохоҳам гуфт соҳибхона ва ин дафъа моро, ки ҳанӯз пушти дари меҳмонхона чун талабаи гунаҳкор пеши тахтаи синф рост меистодем, ба нишастан таклиф намуд:
-Шояд як пиёла чой?
-Ташвиш накашед.
-О, ин чӣ хел мешавад?
-Нағз мешавад, дар қиссааш набошед. Ҳа, дарвоқеъ, ин ташрифи бемаҳали моро ҳам танҳо як сабабе ҳаст.
-Бифармоянд.
-Мо аслан ба беморхона ба аёдати шумо рафта будем, вале каме дер мондем. Сипас дар пеши даромадгоҳ муҳофизи шуморо дидем ва чун фаҳмидем, ки назоратро бекор намуданд, ташвиш шуда, ба ин ҷо омадем.





