-Ҳамааш ҳамин, - боз бо ҳамон оҳанги ноҷӯр пурсид соҳибхона, ки тайи як ҳафтаи охир боиси саргардониҳои мо гашта буд.
-Не.
-Набошад сари мақсади аслӣ биёед.
-Гуфтаниед, ки шаф – шаф накарда шафтолу гӯем?
-Модоме омадед, албатта, сири нуҳуфтае дар замир доред, вагарна ба гумон аст, ки бекор кардани назорати беруна аз дунболи ман боиси ба ин ҷо қадам ранҷа намуданатон гардида бошад.
-Андешаҳои шуморо дар марги Руҳулло Ғаффор ва қасд ба ҷони Шаҳнози Зокир донистан мехостем.
-Ман аллакай ҳамаашро ба шумо.., - ба тарафи Абдурашид ишора намуда гуфт Файз Камол...
-Инашро мо медонем.
-Дигар ман чӣ илова карда метавонам?
-Андеша намоед.
-Андешаи чӣ?
-Андешаи он ки чаро тайи чанд соат се ҳодиса аз дунболи ҳамдигар омаданд.
-Ҳодисаи сеюмаш чист?
-Ҳодисаи ба беморхона афтидани шумо.
-Гумон доред, ки ман худро дидаву дониста ба зери теғи ҷарроҳ бурдам.
-Мо ин хел нагуфтем.
-Пас шуморо чӣ хел фаҳмем?
-Аз он чӣ ки шумо барои ҳарду ҳолат алибии боэътимод доред, мо чизе гуфта наметавонем, вале...
-Чаро суханатонро буридед?
-Ба андешаи мо касе мехост шуморо ба гирдоби ин ҳодисаҳо тела диҳад.
-Чӣ хел касе мехост?
-Ҳамин хел одӣ, рафту агар бо амри тақдир шумо ба беморхона намеафтидед, ҳоло дар ҳарду ҷинояте, ки зикрашон дар боло рафт, гумонбаршудаи рақами як будед.
-Шояд ин ҳама тасодуф бошад?
-Ба гумон аст.





