Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 73 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 73 аз 527 · 2 ноябри 2026

-Шумо худ огоҳед, ки ман барои гуноҳи содирнамудаам аллакай ҷазоямро гирифтам, боз чӣ мехоҳед?
-Дурусттар мебуд, ки мегуфтед чӣ мехоҳанд?
-Нафаҳмидам.
-Нафар ё шояд нафароне, ки ба чунин амал даст задаанд, мехостанд шуморо дар ҳарду ҳодиса гунаҳкор намоянд, онҳо ҳатто намедонистанд, ки шумо ба беморхона афтидаед, вагарна амалӣ намудани мақсадашонро ба вақту соати дигар мегузоштанд.
-Ба кадом хотир?
-Ба хотири он ки дар марги Руҳулло Ғаффор шуморо гунаҳкор намоянд.
-Аз марги эшон барои ман чӣ судест?
-Айни ҳол моро дар ин бора далеле дар даст нест, вале онҳое, ки ин амалро тарҳрезӣ намудаанд, дар муносибати шумо ва Руҳулло Ғаффор пайвастагиеро мушоҳида намудаанд.
-Пайвастагиеро?
-Бале.
-Яъне, шумо домани маро сар доданӣ нестед?
-Мо донистан мехостем, ки ҳамагӣ чанд соат пеш аз ба беморхона афтиданатон ба кадом хотир шумо Руҳулло Ғаффорро ба вохӯрӣ даъват намудед?
...
-Чаро хомӯш шудед? Рафту агар асрори ниҳоне байни шумо намебуд, чаро рӯӣрост ба наздаш нарафтед?
-Мо тайи чанд сол дар як корхона кору фаъолият доштем ва аз ҳамин лиҳоз вайро ба вохӯрӣ даъват намудам.
-Баъд чӣ шуд?
-Соате пас мо дар қаҳвахонаи “Дидор” вохӯрдем ва гузаштаи на чандон дури хешро ба хотир овардем. Руҳулло гуфт, ки то кунун духтари сарвари корхона марги падарро таҳаммул накардааст ва аз рӯӣ вай шуда эшон аз маҳали аввали зисташ ба дигар қисмати шаҳр кӯч бастааст...
-Шуморо гӯш мекунем - хомӯш шудани вайро дида дигарбора эшонро ба давом додани суханаш ҳидоят намудам.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан