Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 74 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 74 аз 527 · 2 ноябри 2026

-Сармуҳосиб гуфт, ки аз таъқиби Шаҳнози Зокир дар маҳаллаи нав ҳам осуда шуда натавонистем ва маҷбур шуда муддате аз кишвар баромада рафтам.
-Оё мусоҳибатон нагуфт, ки дар маҳаллаи дигари шаҳр ҳавлии калон харидааст.
-Не, дар ин бора каломе ба забон наовард. Ӯ танҳо дар бораи мисли соя дунболгириҳои Шаҳнози Зокир гап зад.
-Хеле аҷиб.
-Чӣ хел аҷиб?
-Аҷибаш он ки духтари муштипаре мавриди баҳси шумо қарор гирифту мувафаққияти беназире, ки тайи муддати дар зиндон будани шумо рух дод аз назарҳо пинҳон монд.
-Чӣ хел мувафаққият?
-Дар шароити кунунӣ харидани ҳавлӣ ин кори осон нест ва мо ҳайронем, ки чаро эшон ҳамин як навигариро ҳам аз шумо, ки талаби дидораш намудед, пинҳон дошт.
-Намедонам ва намефаҳмам чаро шумо тарзе сухан мегӯед, ки гӯё ман қасд ба ҷони вай намуда бошам.
-Ҳамаи инро сабаб он аст, ки шумо дар вохӯриҳои аввала дар ин бора каломе ба забон наовардед.
-Маълум ки дар ин бора напурсиданд. Дар беморхона бошад, бемор на ҳамеша имкони суҳбати дурударозро дорад.
-Шуморо баъди ҷарроҳи не, балки баъди анҷоми он бо рухсати табибон пурсиданд,вале...
-Гумон накунед, ки ман чизеро аз тафтишот пинҳон намудам, эҳтимол таъбам чандон хуш набудааст...
-Шояд чунин ҳам бошад ва, албатта, мо сари ин масъала боз бармегардем, - гӯён ман ба суҳбат нуқта гузошта аз ҷой бархестам.
-Шуморо ҳеҷ нафаҳмидам, рафиқ капитан, - баробари аз дар баромадан гуфт ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ.
-Чияш нофаҳмост?
-Ҳамааш.

  • Муҳим он аст, ки ӯ вохӯрии хешро бо Руҳулло Ғаффор инкор накард ва аз ин беш дар манзили истиқоматиаш бо вай суҳбат намудан маъние надошт. Бигузор сари ин масъалаи нобаҳангом, ки чун балои ногаҳонӣ ба сараш фурӯ рехт, андеша намояд.
Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан