Рафиқ лейтенанти калон, аз хотир набароред, ки “дар доми бало будан беҳ аз бими балост” ва мо низ ӯро бо бими бало танҳо гузоштем, бигузор андеша намояд...
-То бад нагӯӣ, нек пеш намеояд ва рафту ӯро ҳам...
-Ӯро ҳам чӣ?
-Ӯро ҳам сари як тир намоянд.
-Дар он сурат дигар на бими бало ва на андешаҳои дар раванди ин бим пайдошуда давои дарди мо нахоҳад шуд.
-Бисёр хуб, вале як ҳолат то кунун аз суҳбати шумо барои ман норавшан аст.
-Кадом ҳолаташ?
-То ба ин ҷо омадан нагуфтед, ки Файз Камол ба Руҳулло Ғаффор занг задааст, ё аз ман боварӣ надоред?
-Аз хотир набарор, ки дар кори милиса бе боварӣ ба ҳамдигар дастовардеро интизор шудан мумкин нест. Дар бораи гуфтугӯи телефонӣ ва вохӯрии онҳо ман худам ҳам хабаре надоштам. Суханро дар омади гап ҳамин хел гуфтам, дурусттараш, пурсиши банда аз таҳлили рафти ҳодисаҳо сарчашма гирифт, ки онро дар юриспруденсия “дедуксия” меноманд. Чӣ будани дедуксияро хуб мешуд, худат шарҳ медодӣ, дар он сурат ҳама гуна андешаҳои ботил ва нофаҳми байни мо чун девори гилин ба боди фано меравад.
-Агар аз хотир набароварда бошам, дедуксия ин усули мулоҳизарониест, ки мувофиқи он нуқтаҳои кулл ба ҷузъ меоянд.
-Мутлақо дуруст гуфтед ва хуб мешуд, ки шумо, рафиқ лейтенанти калон, гоҳ – гоҳе ба пойҳоятон раҳм карда, рӯ ба усули дедуктивии тафаккур меовардед.
-Имрӯз ин усул ба шумо ниҳоят ба осонӣ даст дод ва рафту агар Файз Камол дар ин “набард “ “ғолиб” меомад ба гумон буд, ки...
-Дузду ғар ҳама номарданд ва боз...
-Боз чӣ?
-Таваккал нар бувад, андеша мода.
-Намедонам, ки ин субҳ ман бо кадом даст аз хоб хестам.





