-Марди мусулмон ҳамеша бо дасти рост аз хоб мехезад ва аминам, ки шумо, рафиқ лейтенанти калон, истисно нестед.
Исто, ки чаро чунин андеша ба сарат омад?
-Шумо худ шоҳидед, ки аз оғози субҳ то ин дам ман ба муқобили ҷараёни об шино дорам.
-Меҳнат ва андешаҳои хешро ҳимоя кардан ин худ нишонае аз адолат аст. Милисае, ки нуқтаи назари хешро ҳимоя карда наметавонад, чӣ тавр метавонад ҳуқуқи дигаронро дифоъ намояд ва мансабдори бешафоат аз санги сари қабре беш нест. Ягон намуди баҳс аз манфиат холӣ нест.
Танҳо баҳс метавонад ҳақиқатро рӯӣ об барорад ва ҳар он чӣ ки имрӯз шумо, рафиқ лейтенанти калон, гуфтед, ин баҳс буд, баҳсе дар талоши адолат. Асолати ҳомии қонун ин пеш аз ҳама пуштибонӣ аз адолат аст.
-Гумон намекунам сарвари гурӯҳ ҳам сари баҳсҳои банда чунин андеша дошта бошад?
-Метавонед осуда бошед, муфаттишро асло сари ҳама ин баҳсу мунозираҳо ғуборе дар дил нест.
-Модоме, ки чунин аст, биёед дар ҳамин ошхонаи сари роҳ тановул намуда, сипас ба ба коргоҳ равем.
-То ҷое, ки ман фаҳмидам, шумо гурусна мондед?
-Дуруст фаҳмидед, рафик капитан.
-Ин тавр бошад, пас биёед аз пайроҳаи Файз Камол ва Руҳулло Ғаффор як кадам занем.
-Бо шиками гурусна?
-Хуб мешуд таксиеро боз медоштед!
-Итоат.
-Чун қаҳвахонаи”Дидор” қариб дар дигар гӯшаи шаҳр буд, мо танҳо баъди бисту панҷ дақиқа таксиро боздоштем...
Ҳамааш мисли ҳамон мақоли халқии “номи калону шаҳри вайрон” гуфтагӣ барин шуд, чунки дар “Дидор” ба ҷуз ду - се пешхизмати аз бекорӣ ба ғанаб рафта истода ва панҷ – шаш мизоҷи машғули тановул буда дигар паша пар намезад ё шояд ҳамаи инро сабаб он буд, ки офтоб кайҳо аз қиём гузаштаву рӯ ба ғуруб оварда буд. Мо дар як нигоҳ он толори барҳаворо аз назар гузаронида, бархилофи андешаҳои субҳгоҳии Абдурашид ин дафъа ба самти тарафи чапи дари даромадгоҳ ҳаракат намуда, ба курсии охирини паҳлуи тиреза, ки аз паси оинаи шаффоф роҳи калон чун кафи даст намоён буд, нишастем.





