Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 77 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 77 аз 527 · 2 ноябри 2026

Дар замоне, ки мо ҳанӯз саргарми андешаҳои хеш будем, яке аз пешхизматдухтарон дар рӯ ба рӯямон пайдо шуда, қомати чун санавбар рости хешро мисли аломати савол ба таъзим фурӯ оварда, ташрифи моро ба “Дидор” хайра мақдам гуфт.
Абдурашидро намедонам, вале на бӯйи лазизи таомҳои аз ошхона бурун омадаву дар фазои он толори барҳаво паҳн гардида ва на ба нимтаъзим сар фурӯ бурдани пешхизмат ва овози маҳину нигоҳи чун харидор зебои ӯ дар замири банда мақоли халқии “аввал таом, баъд калом” –ро бедор карда натавонист.
Дар ҳоле, ки пешхизматдухтар, қомати чун аломати савол хамгашташро рост намудаву бо нигоҳи ҷаззобу шарарбор ва табассуми малеҳаш қалби лейтенанти калони милисаро мешикофт, банда шаҳодатномаи хизматиамро кушода, ба пеши чашмонаш наздик бурдам.
Ин амалам шояд мисли ҳамон тираабре шуд, ки нохост садди роҳи нурҳои хуршеди ховар мегардад.
Пешхизматдухтарро намедонам, вале ин амалам ба нафаре, ки дар муқобилам менишаст ва ба умеди тановул тайи ним соати охир маро ҳамроҳӣ карда буд, чандон хуш наомад, вале шояд аз нигоҳи хирад бошад, ки эътирозе накард...
Аз девори каҷ ҳазар гуфтагӣ барин ман худ нигоҳамро аз нигоҳи нафаре, ки барои як тановули нисфирӯзӣ ними шаҳрро давр зада, бандаро ҳамроҳӣ намуда буд, гурезонда, аз ҷузвдони чармини дар гӯшаи рости миз гузоштаам акси Руҳулло Ғаффорро, ки таърихи қариб сесола дошт, бароварда ба дасти пешхизмат додам.
-Намешиносам, - баъди қариб як дақиқа аксро баргардонида ба дастам дода гуфт пешхизмат, ки шояд умедашро аз мо барин мизоҷ чун ҳамон деҳқони крепостноии соли 1861 – и Русияи подшоҳӣ барканда буд.
Ин амали ҷавонзан ба Абдурашид хуш омад магар ки табассум намуд, вале ман ҳам паст наомада, аз рӯӣи ваколатҳои доштаам ба мусоҳиби ҳанӯз дар наздам рост истода амр додам, ки аксро ба дигар ҳамкоронаш нишон диҳад ва боз илова намудам, ки агар посух мусбӣ бошад, бе тановул аз ин қаҳвахона нахоҳем рафт.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан