Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 78 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 78 аз 527 · 2 ноябри 2026

-Агар посух манфӣ шавад-чӣ? - пурсид ҷавонзан.
-Дар он сурат ҳам мо ба хотири худи шумо аз анвоҳои лазизи ин қаҳвахонаи номаш то ба қофу қайсар рафтагӣ баҳра хоҳем бурд.
Ҷавонзан дигар каломе ба забон наоварда, аз рӯйи дастури гирифтааш аз пай иҷрои супориш рафт.
-Чаро ба хотири иҷрои амал нею ба хотири вай? - пурсид Абдурашид.
-“Пешволи пеш, дуо чун ширеш.”17 Ин мақолест, ки корафтодае ба назди мулло рафтанатро фаҳмида аз пешомади кор огоҳат месозад. Умуман, дар ҳама давру замон пул ягона воситаи ҳаллу фасли ҳама гуна амалҳои шояму ношоям буд, ҳаст ва хоҳад монд ва ҷамъияти имрӯзаи мо низ то кунун инкори ин амалро накардааст. Пас агар чунин аст, ҷавонзан духтархолаат нест, ки бе манфиат баҳри муайян намудани шахсияти нафаре, ки аксашро дар даст дорад, вақти қимати хешро сарф намояд.
-Ба замми ин, мо низ гуруснаем ё гапам нодуруст?
-Не, дуруст.
-Занҳо аслан шунидани сухани некро хуш доранд, боз ободии ин кошона аз харҷи кисаи мизоҷон аст ва шояд ҳамон як сухан сабаб гардаду вай дар муайян намудани шахсияти нафаре, ки аксашро бо худ бурд, кӯшиши бештаре ба харҷ диҳад. Пас на мо ва на вай чизеро дар ин додугирифт бой нахоҳем дод.
-Яъне, ҳам лаъл ба даст ояду ҳам ёр наранҷад.
-Раҳмат бар гузаштагонат.
Абдурашид боз чизе гуфтан мехост, вале ба тарафамон омадани пешхизмат ва ҷавонзани ҳамроҳи ӯро дида хомӯш шуд.

17 Хизмати муллоро пешакӣ ҷуброн намудан беҳтар аст.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан