Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 79 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 79 аз 527 · 2 ноябри 2026

-Ин кас Гулрӯ, - нафари ҳамроҳаш омадаро ба мо муаррифӣ намуд пешхизмати аввала.
-Аминам, ки нафари дар акс бударо шинохтед?
-Бале, - гуфт мусоҳиби навамон.
-Ному насабаш?
-Аз ман?
-Не ному насаби шахси дар акс буда.
-Инашро ман намедонам, вале онҳо ду нафар буданд, дурусттараш аввал дигар кас омад, пас ин кас, - ба акси дар болои миз гузошташуда ишора намуда гуфт Гулрӯ.
-Шумо ба онҳо хизмат расондед ?
-Бале, истед, ки ягон ҳодиса рух додааст?
-Чанд соат пас аз ин ҷо рафтан нафаре ки аксашро мебинед, ҷон ба ҷонофарин супурда.
-Чӣ, шумо аз ман гумонбаред?
-Магар мо чунин гуфтем?
-Не, вале...
-Вале чӣ?
-Охир шумо гуфтед, ки ин кас (Гулрӯ бо ангушташ ба акси ҳанӯз дар болои миз буда ишора намуд) баъди чанд соати аз ин ҷо рафтан...
-Ҳа, гуфтем.
-Ё гумон доред, ки ман ба вай заҳр додам?
-Хуб мешуд, агар андешаҳои ботилро аз сар дур мекардед.
-Ин ба гуфтан осон.
-Дар асл мо на баҳри гунаҳкор кардани шумо, балки чун ба ёрии шумо ниёз дорем, пой ба ин остона гузоштем.
-Ба ёрии ман?
-Бале.
-Ҳеҷ мақсади аслии шуморо нафаҳмидам.
Ман курсиеро ба мусоҳиби дар рӯ ба рӯямон рост истода нишон додам, вале Гулрӯ шояд аз рӯӣ таомули нонавиштаи корхонаашон бошад, ки пешниҳодамро напазируфта гуфт:- Ташаккур, ман рост меистам.
-Ихтиёр шуморост, - гуфтам ман ва пурсидам, ки оё байни нафаре, ки мо аксашро ба вай нишон додем ва нафари дигаре, ки сари миз ҳамроҳаш нишаста буд, ягон баҳсу мунозирае шуд ё не?

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан