-Аслан мо одати гӯш кардани суҳбати мизоҷонро надорем, - худро сафед карданӣ шуда гуфт пешхизмат.
-Пас агар чунин аст, фардо субҳ ба коргоҳи мо биёед, то шуморо тариқи асбоби махсус18, ки ҳангоми дурӯғ гуфтан дурӯғро чун мӯйи аз хамир ҷудо мекунад, пурсем, - ба суҳбат ҳамроҳ шуда гуфт Абдурашиди Шариф.
...
-Чаро хомӯш шудед, - ба андеша рафтани Гулрӯро дида пурсидам ман.
-Ман аслан одати гӯш кардани суҳбати дигаронро надорам, вале ҳастанд ҳолатҳое, ки инсон ғайриихтиёр шоҳиди шунидани баъзе суҳбатҳо мешавад. Мисли оне, ки мардумон чашмро дарё мегӯянд, узвҳои шунавоии мо ҳам гоҳҳо...
-Зиндагӣ ҳамин аст ва баъзан мо ҳам ғайриихтиёр суханҳоеро мешунавем, ки тамоми рӯз ҷой нишаст намеёбем.
Ин ҳама худ тазодҳои ҳаётанд ва аз онҳо роҳи гурез нест.
Магар беҳтар нест, ки мо дар ҳамин ҷо сари суҳбати хеш нуқта гузорем. Ба андешаи банда ин садҳо маротиба беҳтар аз он аст, ки фардо шуморо барои дурӯғ гуфтан, дурусттараш барои пинҳон кардани сухане, ки аз он ба шумо манфиате нарасидаст, муттаҳам намоянд.
Мусоҳиби мо ҳанӯз хомӯш буду хомӯш, вале дар як нигоҳ ҳам бошад, банда рухсораҳои ӯро арғувонӣ дидам. Чун Гулрӯ сари андешаҳои хеш буд, мо ҳам муддате вайро ба ҳолаш гузоштем, то худ ихтиёран сари як қарор биёяд...
Шояд дар ин чанд лаҳза дар замири духтар хайру шар сари каломи ба забон овардаи мо даст ба гиребон буданд ва ё шояд пешхизмат суханони чанд рӯз пеш шунидаи хешро чун хӯшае аз хирмани рӯзҳои охир шунидааш ҷудо намуда, дар мизони ақл гузоштан мехост...
18 Детектор лжы дар назар аст.





