Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 81 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 81 аз 527 · 2 ноябри 2026

Оғози ин ҳама андешаҳо бад буд ё нек, мо намедонистем, вале мусаллам он буд, ки духтар дигар қобилияти инкор намудани суханони шунидаашро надошт...
-Онҳо аслан сари ҳамин миз менишастанд. Нафари аввал омада пушт ба тарафи аҳли толор менишаст ва шояд аз паси ҳамин оинаи тиреза омадани рафиқашро аз самти роҳи калон назора дошт. Чун онҳо таоми дуюм ҳам фармоиш дода буданд, ман бе огоҳии пешакӣ, - баъди муддате ба хизматашон шитофтам ва шоҳиди қисмате аз гуфтугӯяшон шудам, - ба сухан даромада гуфт Гулрӯ.
-Хуш бошад.
-Нафаре, ки аввал омада буд мегуфт, ки аз касофатии ту шуда ман зиндонӣ шудам, гуноҳро пурра ба зимма гирифтаву туро нафурӯхтам, пас куҷост пули он бор, танҳо ин дафъа дурӯғ нагӯ, вагарна...
-Боз чӣ?
-Чун нафаре, ки аксаш дар болои миз аст, омадани маро пайхас кард, - гулӯ рушан намуд, дурусттараш атса зад ва мусоҳибаш шояд хатареро ҳис намудаву ҳамоно муҳри хомӯшӣ ба лаб гирифт.
-Дар он лаҳзаҳое, ки онҳо сари миз нишаста суҳбат доштанд, дар мизҳои гирду атроф ягон нафар мизоҷи дигар буд ё не?
-Ташрифи онҳо ҳам айнан ба ҳамин вақту соат рост омад, аз ин рӯ, аксари мизу курсиҳо холӣ буданд, вале ана дар сари вай (пешхизматдухтар бо ишора мизеро, ки аз ҷой нишасти мо дуртар меистод, нишон дод) нафаре менишаст.
-Оё вай метавонист суханони эшонро шунавад?
-Намедонам. Дурусттараш он кас пушт ба сӯйи онҳо менишаст...
Ман аз Абдурашид давом додани суҳбатро хоҳиш намуда, худам аз ҷой бархоста рафта, ба курсие сари ҳамон миз нишастам.
-Ҳамон суханонро такрор намоед, вале сатҳи садои хешро дар сатҳи садои ровии онрӯза нигоҳ доред, - хоҳиш намуд шогирди банда.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан