-Аз касофати ... шудам... нафурӯхтам...он бор...вагарна...,
- шунидам ман овози мусоҳиби кунунии Абдурашидро.
Ҳарчанд ман пурра он каломи ба забоновардаи Гулрӯро нашунидам, вале ба хулосае омадам, ки нафари чанд рӯз пештар дар ҳамин курсӣ нишаста бе муҳобот метавонист аз рафти суҳбати он ду нафар огоҳ гардад. Ман боз сари мизи аввала баргашта, дар рӯ ба рӯӣ ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ нишастам.
-Шояд ман равам? - баробари дубора ба курсӣ нишастани банда пурсид нафаре, ки аз рӯӣ қонунҳои нонавиштаи коргоҳаш таклифи моро барои ба курсӣ нишастан рад намуда буд ва то ҳанӯз чун толибаи мактаб назди тахтаи синф рост меистод.
-Боз чанд суоли кутоҳ.
-Бифармоянд.
-Нафари дар он курсӣ нишаста пеш аз он ду нафар омада буд ё баъди онҳо?
-Ба фикрам, чанд дақиқа пас аз нафаре, ки аксаш дар дасти шумост. Ҳа, дарвоқеъ, ҳамагӣ чанд дақиқа пеш аз омадани нафари дуюм ман лаҳзае берун баромада будам ва акнун ба ёд овардам, ки ҳамон нафарро дар зери ана вай дарахти чинор дидам. Дурусттараш, ӯ нигоҳи бандаро дарёфт ва ҳамоно ба қироати рӯзномаи дар дасташ буда пардохт.
-Дигар вайро надидед?
-Не.
-Онҳо ҳар се дар як вақт аз қаҳвахона баромаданд?
-Не, вай пас аз рафтани он ду нафар муддате ин ҷо монд, боз як чойи кабуд фармуд ва сипас бандаро ҷеғ зада ҳисобӣ намуд.
-Тайи ин муддат бо ягон кас суҳбати телефонӣ надошт?
-Аниқашро гуфта наметавонам, чунки барои овардани чой рафтам ва тахминан баъди се - чор дақиқа баргаштам.
Тайи ҳамин муддат чӣ шуду чӣ не, чизе гуфта наметавонам.
-Агар вайро бубинед, мешиноседаш?
-Албатта.
-Ягон нишонае аз қабили “хол,” “холкӯб,” “ озах” дошт ё не?

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6Аз аввал хондан




