Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 83 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 83 аз 527 · 2 ноябри 2026

-Чашмонаш ранги осмонро доштанд.
-Чашмкабуд гӯед?
-Бале чашмонаш кабуд буданд.
Мо боз ба чанд суоли хеш дар атрофи нафаре, ки чашмони осмонӣ дошт, посух гирифтем ва муваққатан бо Гулрӯи Солеҳ (пешхизмат) худоҳофизӣ намудем.
Соате пас аз шикастани рафъи гуруснагӣ ва ташнагӣ аз “Дидор “ берун шудем.
Ҳарчанд мо то кунун дастоварди дурустеро ноил нашуда будем, вале таъби Абдурашидро болида дида гуфтам:
-Аслан кор кори шумо шуд, рафиқ лейтенанти калон.
-Чӣ хел кор?
-Охир пешхизматдухтарро бо кадом як асбоби мӯӣро аз хамир ҷудокунанда тарсонида ба сухан даровардед.
-Ин ҳамааш таъсири тамошои шоу - барномаҳои шабакаҳои телевизиони Русия шуд. Итминони комил дорам, ки Гулрӯи Солеҳ чунин барномаҳоро хеле бодиққат тамошо намудааст, вагарна инсоне, ки аз чунин барномаҳо огоҳӣ надорад, ба гумон аст чунин зудбовар шавад.
-Ҳарчи ҳам набошад, саҳми шумо, рафиқ лейтенанти калон, дар суҳбати имрӯза назаррас аст, новобаста аз он ки шумо ин субҳ бо кадом даст аз хоб бархестаед.
-Ҳарчи ҳам омӯхта бошем, аз шумо омӯхтем, рафиқ капитан, - гуфт Абдурашид ва афсӯс бар он хӯрд, ки қариб ҳашт–даҳ фоизи аҳолии шаҳр чашмони ранги осмонӣ доранд ва ёфтани нафаре бо чунин нишонаҳо ин мисли ҷустани сӯзанест дар байни ғарами бузурги коҳ...
-Аз ноумедиҳо басе умед аст, - гуфтам ман чорраҳаро убур намуда истода...
...15...
Тамоми шаб мижа таҳ карда натавонистам. Шояд ҳамаи инро сабаб он буд, ки ман гоҳ – гоҳ масъалаҳои ҳалталаби коргоҳро чун бори ғам ба хона меорам...
Посе аз шаб гузашта бошад ҳам, андешаҳои бесарунӯг дар атрофи ҳодисаҳои ҳафтаи охир маро аз як соҳил ба соҳили дигар мепартофт.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан