Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 84 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 84 аз 527 · 2 ноябри 2026

Сараввал маро Шаҳнози Зокир ба ёрӣ даъват намуда, нигаронии хешро дар атрофи он ки на дар рафти тафтишоти пешакӣ ва на дар замони баррасии парванда дар суд андешаҳояшро оид ба қасдона будани ҳодисаи ба сари қиблагоҳаш омада ба инобат нагирифтанд, баён намуд...
Сипас дугонаи собиқаш Матлубаи Руҳулло омаду ба сари манзили падар бо дастагул рафтани Шаҳнозро ҳодисаи хандаовар арзёбӣ кард...
Ва боз...
Нӯшини Азиз бо андешаҳои хеш, ки ба рафти ҳодисаҳо на бо нигоҳи чашм, балки бо нигоҳи дил назар афканда...
Аз нигоҳи мантиқ муфаттиш ба рафти ҳодисаҳо чун рассом ба ашё назора намуда буд. Ҳаргиз рассоми бузург ашёро дар ҳамон шакле, ки мебинад, ба риштаи тасвир нахоҳад кашид. Ҳамон мусавварае ҷаҳонгир хоҳад шуд, ки рассом дар тасаввури хеш ба он обу ранг дода...
Аз лиҳози қонун тафтишот ба обу ранг додани ҳодисаҳо эҳтиёҷе надорад, вале аз нафаре, ки санҷиши парвандаро ба душ дорад, талаб мекунад то дар кори хеш чун рассом нозукбин бошад.
Дар ин шаби торику хомӯш дар байни чордевори бетонӣ маро лозим омад, ки тамоми ҳодисаҳои дирӯзаро бори дигар бар мизони адолат гузорам...
Ин дафъа Гулрӯи Солеҳ баҳри дарёфти ҳақиқат дасту остин барзад ва ман нишондоди ӯро болои тарозуи тақдир гузоштам...
Беҳуда нагуфтаанд, ки “чоҳкан - зери чоҳ” ва агар чунин намебуд, ба гумон буд, ки он ҷавони суханчин таваҷҷуҳи пешхизматро бедор мекард ва агар чунин аст, пас суханчин дар куҷое ба хато роҳ дода...
-“Чоҳкан - зери чоҳ,” зери лаб гуфтам ман, вале ҳамаи ин дар ин шаби тор аз тасаллое баҳри дили бемор беш набуд....
Дирӯз баъди бозгашт аз қаҳвахонаи “Дидор” сарвари милиса моро ба ҳузури хеш хонд ва чун дар самти корҳои ҷустуҷӯӣ дастоварде надоштем, қариб буд ба сарамон чормағз шиканад. Лозим меомад Гулрӯи Солеҳро ба милиса даъват намуда, дар асоси нишондодаш фотороботи он суханчини чашмкабудро ба риштаи тасвир орем...

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан