Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 85 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 85 аз 527 · 2 ноябри 2026

Пешхизмати “Дидор” гуфт, ки суханчин на беш аз бисту ҳашт – сисола буд ва дар ин синну сол ӯро чӣ дарде дар замир буда, ки ба чунин амали паст даст задааст, мо намедонистем.
-Шояд муҳаббат?
-Муҳаббат ба чӣ (пул. мол дар назар аст)?
-Ё бо кӣ?
-Ё бо ҳарду...
-Мо ҳанӯз намедонистем ин ҳамаро чӣ асрорест, вале боварӣ доштем, ки суханчин бе мақсаду мароми муайян ба чунин як амали зишт даст назадааст ва аз рӯӣ синну сол мо муҳаббатро, ки қобилияти басе девонаро ҳушёру хушдор ва басе ҳушёрро имкони девона кардан дошт, дар меҳвари асосии ин ҳодиса гузоштем... Чун тафтишот меҳвари асосиро ба гардиш оварда, ҳама гуна сазо ва ҷазои Худованди ба сари суханчин, ки муҳаббатро бо чунин амали зишт доғдор намудааст, хоҳад рехт...
Новобаста аз он ки муфаттиши прокуратура аз дафтари кориаш берун набаромада буд, вале нишондоди шоҳидонро дар назди дарвозаи қабристони шаҳрӣ хаёлоти бофта номид.
Ин ҳама суханони хушку холӣ набуданд, чунки Нӯшини Азиз баҳри собит намудани андешаҳои хеш факту далелҳои раднашаванда пеш овард.
Ба андешаи муфаттиш гурӯҳи фаврӣ - тафтишотӣ ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса дар куҷое ба хато роҳ дода, ҳарчанд он хато ҷиддӣ ҳам набошад, монеаи калонеро дар тафтишот пеш овард.
-Басо девонаро ҳушёру хушдор...
-Бечора мардак ҳазён мегӯяд, - ба гӯшам расид овози ҳамсарам ва аз ҳамин садо ҳушёр шуда, каме ҳам бошад, чашмонамро кушодам. Хона аз оғӯши зулмот берун меомад.
Субҳ медамид...
...16...
Гулрӯи Солеҳ сари субҳ ба коргоҳи мо омад ва мутахассис аз рӯйи нишондодаш то тавонист фотороботи суханчинро рӯӣ лисон овард. Ҳамзамон, мо нишондоди пешхизмати қаҳвахонаи “Дидор”- ро гирифта, муваққатан бо вай худоҳофизӣ намудем.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан