Акси дар асоси нишондод тарҳрезишуда, ин ҳанӯз акси ба навор гирифта шуда нест, ки ба натиҷаи мусбии он умед бандед, вале дар бисёр мавридҳо дурусттараш дар 60 – 70% ҳодисаҳои рухдода он ҳам метавонад натиҷаи дилхох диҳад.
Дар корҳои ҷустуҷӯӣ, хусусан дар ҳолатҳое, ки аз рӯйи фоторобот гумонбаршуда мавриди таваҷҷуҳ қарор мегирад, мақомоти милиса ба ёрии муташаккилонаи аҳли ҷомеа ниёзи бештаре пайдо мекунад ва аз ҳамин лиҳоз бахшҳои кофтукови ҷиноятӣ то ҳадди имкон кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки доираи корҳои ҷустуҷӯйиро то андозае васеътар намоянд.
Дар нимаи аввали рӯз мо нусхаи акси нафареро, ки дар асоси нишондоди Гулрӯи Солеҳ тарҳрезӣ шуда буд, бо матни хабарнома ба ҳама мақомотҳои милисаи тобеъи марказ фиристодем. То бегоҳ акси таваҷҷуҳи моро бедор намуда аллакай чун ёддошти тавоҳум дар дасти нозирони минтақавӣ, кормандони БДА ва хадамоти патрулию пайроҳадорӣ расонида шуд.
Ҷустуҷӯйи суханчин ин ҳанӯз як тарафи масъала буд, тарафи дигараш бошад, ин пурсиши расмии Файз Камол буд, ҳарчанд эшон ба таври ростхата дар ҳодисаҳои рухдода даст надошт, вале имкони ному насабашро аз рӯйхати гумонбаршудагон ҳам гирифтан набуд. Ҳамаи инро сабаб боз ҳамон нишондоди Гулрӯи Солеҳ шуд, ки дар он омада:
- “Аз касофатии ту шуда ман зиндонӣ шудам, гуноҳро пурра ба зимма гирифта, туро нафурӯхтам, пас куҷост пули он бор, танҳо ин дафъа дурӯғ нагӯ, вагарна...” Маҳз ҳамин суханонро пешхизмати қаҳвахонаи “Дидор” аз забони Файз Камол шунида буд, аз забони нафаре, ки то дирӯз мо ӯро мусичаи бегуноҳ мепиндоштем. Агар ҳама ин суханон рост буданд, пас дар ҳодисаи ба сари Зокири Қосим омада аз тафтишот дида Шаҳнози Зокир қадаме пештар буд.
Мардумони оқил бар он назаранд, ки сари бемағз ҳамеша боиси ноосудагии пойҳо мегардад, вале на дар ҳама ҳолат ин матлаб боиси қабули хотир аст, мисли оне, ки мо дирӯз бо Файз Камол суҳбати хешро ба расмият надаровардем ва Ҳамид Ҷовид ба сарамон чормағз шикаст, вале ин амал беҳтар аз он шуд, ки мо суҳбати бе натиҷаро ба расмият медаровардем.





