Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 87 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 87 аз 527 · 2 ноябри 2026

Рафту агар мо бо собиқ ронанда суҳбат мекардем, барои собит намудани дараҷаи гуноҳаш далеле дар даст надоштем ва моро дар он набард ба ҷуз шикаст роҳи дигаре набуд. Чун вақт довари ҳама гуна корҳои мост, ӯ худ моро ба қаҳвахонаи “Дидор” бурд ва бо Гулрӯи Солеҳ рӯ ба рӯ намуд.
Бо чунин афроде чун Файз Камол, ки ба хотири манфиат шуда, қасд ба ҷони сарвари корхонаашон намудаву ба саволи муфаттиш чунин посух гуфта:
-Охир вай кӯдак набуд, ки дар паси мошин истад, модоме ки худаш бандаро ба ин амал маҷбур намуд. Як корхонаи бузургро роҳбарӣ мекард ва ман аз куҷо медонистам, ки вай ҷони худро дар бало мондаву рост дар паси мошине, ки бе қафо рафтан имконияти аз ҳавлӣ баромадан надорад, меистад...
Маълум мешавад, ки бо чунин афрод бе далел сухан гуфтан ин баробари ба гӯши хар азон гуфтан асту бас. Баъди суҳбат бо Гулрӯи Солеҳ мо ба хулосае омадем, ки собиқ муфаттиш ҳатто ба гӯшаи хотир ҳам наовардааст, ки Файз Камол марди бечораю уволак не, балки ҳамон дузди зӯрест, ки соҳиби говро баста...
Бо гузашти вақт, бигузор он як шабонарӯз ҳам бошад, дар ин самт мо далелҳои кофӣ доштем ва рафту агар гуноҳи эшонро дар ҳодисаҳои нав собит намудан ҳам наметавонистем, вале бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда вайро барои ҷинояти пештара содирнамудааш дубора ба сари курсии судӣ баргардонида метавонистем.
Кӯза на ҳамеша аз лаби ҷӯй бе осеб бармегардад ва ба пиндори кунунии мо пешхизмат метавонист суханони бе ихтиёр шунидаашро бори дигар дар рӯ ба рӯи сухангӯ ба забон биёрад.
Каме таъхир дар гирифтани нишондоди расмии ронандаи собиқ, ки ба хотири рӯзҳои нек ҳаммаслакашро нафурӯхт, як заруриятеро барои суҳбати навбатӣ бо эшон фароҳам овард ва ҳамин як таъхир метавонист дигаргунии куллиеро дар рафти корҳои ҷустуҷӯӣ ба бор оварад...

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан