Ба беморхона афтидани Файз Камол ин худ далели ба таври мустақим дар ҳодисаҳои рӯзҳои охир даст надоштани собиқ ронанда буд, вале таҳлили парвандаҳои ҷиноӣ дар баъзе мавридҳо ифодакунандаи бо роҳи ғайримустақим амалӣ намудани чунин корҳо шуда метавонист. Аз ҳамин лиҳоз Файз Камол ҳам метавонист ниятҳои нопоки хешро тариқи дигаре бо чунин роҳ амалӣ созад. Рафти ҳодисаҳо тақозо мекарданд, ки собиқ ронандаро аз мадди назар дур накунем, вале ин ҳанӯз як тарафи масъала буд. Самти аз ҳама муҳим дар корҳои ҷустуҷӯӣ аз рӯйи нақшаи минималӣ ин муайян намудани шахсияти суханчин дар қаҳвахонаи “Дидор “ буд. Новобаста аз он ки дар атрофи вай мо ба ҳама мақомотҳои милисаи тобеъи марказ хабарнома ва акси тарҳрезишудаи эшонро фиристодем, вале ин ҳама боиси осудагиамон нагашт, ки нагашт...
Дар замоне, ки ҳамкасбони мо дар дигар шаҳру навоҳии кишвар сари хабарномаҳои фиристодаамон майна об мекарданд ва шояд дар ҷустуҷӯйи нафари аксашро гирифта камари ҳиммат баста буданд, ман нуқтаи назари хешро доир ба зери назорати беруна гирифтани Шаҳнози Зокир дар гузоришам дарҷ намуда, ба котибот супурдам ва худ машғули ба тартиб даровардани парвандаҳои ҷустуҷӯйи дар истеҳсолот доштаам шудам. Чун офтоб кайҳо ба ғуруб рафта буд, ба натиҷаи он танҳо субҳи рӯзи дигар умед баста метавонистам, вале ҳамааш ғайричашмдошт шуд. Соате пас навбатдор Туйчӣ Фозил, ки ҳамагон вайро чашму гӯши сардор мепиндоштанд, тариқи телефони дохилӣ бандаро ба назди “патрон” хонд.
Дилу бедилон аз ҷой бархестам ва баъди се – чор дақиқа ба назди сардори милиса рафтам.
-Ҳоло ҳамин хел гӯед, - айнакашро ба гӯшаи миз гузошта, нигоҳашро аз қоғази болои миз барканда гуфт Ҳамид Ҷовид.
-Ҳамин тавр, рафиқ полковник.
-Бовар намекунам.
-Ба чӣ?
-Ба он чӣ кӣ рӯйи лисон овардаед.
-Роҳи дигареро ман надидам.





