-Оё шумо набудед, ки ман ва Асад Ғаниро ба дурустии назарияи хеш бовар кунонидед ва мо он замон ба ҳамаи гуфтаҳоятон бовар намудем ва имрӯз бошад, мехоҳед ҳама корро аз сифр оғоз намоем.
-Охир, кӣ медонист...
-Беҳуда нагуфтаанд, ки ҷӯӣборро убур накарда, оҳ нагӯед ва боз чӣ?
...
-Чаро ба даҳон об гирифтед
-Чӣ гӯям?
-Гӯед, ки чаро дар аввал ба шоҳидон бовар намудед ва акнун андешаҳоятон тағйир ёфт.
-Ин тарафи кор бозёфти мо нест.
-Нафаҳмидам.
-Ин нуқтаи назари муфаттиши прокуратура аст ва чун вай нуқтаи назари хешро бо далелҳо собит намуд, мо низ онро пазируфтем.
-Офарин! Ҳеҷ гумон надоштам, ки корманди бахши кофтукови ҷиноятӣ дар зери навои нойи дигарон рақс мекунад.
-Новобаста аз он ки мо кормандони мақомотҳои гуногунем, вале мақсаду мароми ҳамаи мо ин мубориза ба муқобили ҷинояткорист.
-Дуюм, ҳамон муфаттиши гуфтагиатон сарвари гурӯҳи тафтишотист ва дар созмон додани гурӯҳ ман не, балки шумо ва Асад Ғанӣ ба мувофиқа омадед.
-Сеюм, дар рафти корҳои тафтишотӣ ҳамаи аъзои гурӯҳ ба сарвари гурӯҳ итоат мекунанд ва банда низ чун аъзои гурӯҳ истисно нестам.
-Чорум, ба хотири дарёфти ҳақиқат мо бояд аз як гиребон сар барорем ва кашидани кӯрпа дар алоҳидагӣ ба тарафи хеш ин чун хизмати хирсона танҳо ба манфиати ҷинояткор аст.
-Шуд, шуд маълум, ки гуноҳи хешро ба гардан гирифтан намехоҳед.
-Кадом гуноҳ?
-Пеш аз ҳама ба як танзими муайян даровардани нақшаи корӣ. Чун назарияҳои пешниҳод намудаатон пояи устувор надоштанд, онҳо чун хоначаи гилини лаби рӯд ба муқовимати камтарин тоб наоварда чаппа шуданд.





