Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 90 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 90 аз 527 · 2 ноябри 2026

-Чӣ ҷойи гила, модоме ки қонунҳои қабулшуда дар сатҳи олӣ догма шуда наметавонанд, пас чӣ ҷойи гила аз кадом як нақшаи ҷустуҷӯйӣ.
-Хеле хуб аст, ки меҳнати хешро қадр намуда, ба дифои он дасту остин барзадед!
-Гурусна бо шер задааст...
...
Эҳтимол дар лаҳзаи аввали баҳс сарвари милиса ба эҳсосот дода шуда, ҳанӯз дар пеши дар чун талабаи гунаҳкор рост истодани бандаро ба гӯшаи фаромӯшӣ дода буд ва каломи охирини банда ӯро аз байни андешаҳои бесарунӯг берун овард, ки дубора айнакашро ба чашм гузошта, ба он коғази болои миз, ки шояд ифодагари иродаи банда буд, чашм духт...
Танҳо баъди қироати навбатии он коғазҳои тақдирсоз, ки лаҳзае пеш сабабгори ҳамдигарнофаҳмии мо гардида буданд, Ҳамид Ҷовид чун бозингари сирк айнакашро байни ангуштонаш бозӣ доронда, нигоҳашро ба самти дар бурд ва мисли он ки бандаро акнун дида бошад, бо ишораи даст таклиф ба нишастан намуд.
Ман дилу бедилон боз чанд қадам ба пеш гузошта, паси мизи дарозрӯя, ки чун пояи ҳарфи “Т” ба мизи кории сарвари идора пайваст шуда буд, ба курсие амонат нишастам.
-Фарз намудем, банда то андозае пешниҳоди шуморо дастгирӣ мекунам, вале ин ҳанӯз маънои онро надорад, ки гуноҳи нафареро, ки қонун ҳамчун ҷабрдида эътироф намудааст, ба осонӣ дайн намуда, нигоҳи хешро нисбат ба вай аз рӯйи ҳамин қонун ба андозаи 360 дараҷа тағйир дода, мақоми ӯро дар рафти тафтишот дигар мекунем. Рафту ин кор ба мо даст диҳад, чӣ хубе, дар акси ҳол мо хандахариши ВАО, хусусан рӯзномаю маҷалаҳои зард ё худ кӯчагӣ хоҳем гашт, - риштаи хомӯшии тӯлониро барканда гуфт нафаре, ки тариқи навбатдор бандаро ба наздаш даъват намуда буд.
-Таваккал нар бувад, андеша мода.
-Ин ба гуфтан осон.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан