Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 91 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 91 аз 527 · 2 ноябри 2026

-Дар амалисозии корҳои бузург андеша ҷоиз нест.
-Ба хунсардии шумо қоилам.
-Шукр аз мактаби Феликс Эдмундович, 19 каме ҳам бошад, сабақ гирифтаем.
-Оё гуфтанӣ нестед, ки ба умеди ҳазрати Баҳоваддин нашуда буттаро дорем?
-Вазъи кунунии корҳои ҷустуҷӯйӣ ҳаминро тақозо мекунад.
-Чаро дар ин бора ба муфаттише, ки аз рӯӣ фаҳмиши ман меъмори ҳамин ақида аст, муроҷиат накардед?
-Пешниҳод ин ҳанӯз маънии ҳалли корро надорад ва ба гумон аст, ки прокурор дар ин ҷода зердасташро дастгирӣ намояд. Агар чунин намебуд, ҳаргиз Нӯшини Азиз нуқтаи назари хешро, ки баробари чанд қадам ба қафо рафтан аст, бе супориши расмӣ барои мо арзонӣ намедошт.
-Эҳтироми муфаттишро нисбат ба милиса сабаб дигар аст, рафиқ капитан.
-Чӣ хел сабаб?
-Ҳамаи инро сабаб он аст, ки падари муфаттиш солиёни зиёде дар сафҳои мақомоти милиса кору фаъолият намуда, фарзандонаш, ки нони милиса хӯрда ба камол расидаанд, эҳтироми ҳамсафони падарро ба ҷо меоранд. Танҳо чунин нафарон душвории корро дар мақомоти корҳои дохилӣ дарк мекунанд, ё гапам нодуруст?
-Ба фикрам, ҳамин тавр аст.
-Ин ҳанӯз ҷавоб нест ва маъзуратон бод, ки нигоҳи Нӯшини Азиз ба милиса чун нигоҳи В.И. Ленин ба буржуазия не, балки чун нигоҳи шахси тақводор ба арзишҳои диниаш аст.
-Эҳтимол чунин аст.
-Ист, суханамро набур!
-Маъзарат мехоҳам.
-Дар замоне, ки ҳанӯз пушти дар рост меистодӣ, як сухани ниҳоят маъқул гуфтӣ. Дар ҳолати рост истодан андешаҳои мусбӣ бештар ба хотири инсон меоянд?

19 Дзержинскии Ф.Э - аввалин комисари халқии корҳои дохили СССР.

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан