Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 92 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 92 аз 527 · 2 ноябри 2026

-Чунин амалро дар шакли кулл баҳо додан нашояд, онҳое ки ҳамеша дар талоши мансабанд, ҳеҷ гоҳ аз доираи “одоб” берун намешаванд ва мисли бархе аз ҳамкорон чун гурба ба рӯйи сардор чанг намезананд.
-Сухани рост ҳамеша талх аст, вале набояд ба хотири манфиати шахсӣ сиёҳро сафед гуфт. Онҳое, ки аз доираи “одоб” берун намешаванд, ҳамеша чун ғулом ҳақиру залиланд. Як рӯз бо андешаи хеш кору фаъолият намудан, беҳтар аз он аст, ки сад рӯз дар асоси нишондоди дигарон ҳокими вақт бошед.
-Яъне сарнавишти ҳар кас дар дасти худаш аст.
-Сарнавишти инсон азалист, вале интихоби роҳ ба сарнавишт дар дасти худи инсонҳост ва муносибат ба ин роҳ ифодакунандаи иродаи ҳар яки мост. Набояд аз хотир баровард, ки ғалаба дар ҷанг ба хунсардӣ ва нотарсии сарбозон вобастагии зич дорад. Онҳое ки ба андешаи шумо аз доираи одоб берун мешаванд, то ҷое хунсард ва нотарс ҳам ҳастанд, чунки ба онҳо агар овардани салларо амр диҳӣ, дар талоши мансаб салларо бо калла якҷоя ба наздат меоранд.
Ана аз чунин нафарон тарсидан лозим, чунки онҳо на парвои қонунро доранд ва на аз Худо метарсанд.
-Яъне, гуфтаниед, ки битарс аз оне, ки ӯ натарсад аз Худо?
-Бале, шумо ниҳоят хуб гуфтед, ки мо наметавонем ҳар кадоме дар алоҳидагӣ кӯрпаро ба тарафи хеш кашем. Ҷойи баҳс ҳам нест, ки зӯрии мушт дар муттаҳидии ангуштон аст.
Новобаста аз он ки ин пешниҳод бозёфти нав нест, вале боиси дастгирист. Тайи солҳои дар милиса кору фаъолият намудан ман борҳо шоҳиди он шудам, ки баъзан мувафаққиятҳои кори мо боиси озурдахотирии баъзе (хушбахтона чунин ҳолатҳо ангуштшумор буданд) кормандони мақомоти назоратӣ гардида, вале дар ин мақомотҳо ҳам ҳастанд нафароне, ки чун Нӯшини Азиз андеша доранд ва қабул накардани пешниҳоди онҳо ин баробари аз паси панҷа ба сӯйи нӯр назар афкандан аст. Шояд ин сухан чандон мақбули шумо нашавад, чунки дар аввали вохӯрӣ банда ҳаракатҳои шуморо “рақс дар зери навои найи дигарон” номидам, вале ин ҳама ба хотири муайян намудани мавқеи қатъии шумо дар самти ҳуҷум буд...

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан