Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Саҳифаи 93 аз 527 · 2 ноябри 2026

АГ
Агенти ЗеҳнӣСаҳифаи 93 аз 527 · 2 ноябри 2026

Бисёр хуб аст, ки новобаста аз ҳама дуруштиҳои дар рафти суҳбат ба вуқӯъпайваста шумо хунсардиро аз даст надода, баҳри ҳимояи андешаҳои хеш талош намудед. Новобаста аз ин барои ба зери назорати беруна гирифтани Шаҳнози Зокир ман розӣ нестам, зеро хатои камтарин дар ин самт боиси шикасти мо хоҳад шуд. Инро ба он хотир мегӯям, ки рафту агар Шаҳнози Зокир дар ҳодисаи ба сари Руҳулло Ғаффор омада даст дошта бошад, боз ҳам эҳтиёткор хоҳад шуд.
Аз рӯйи таҷрибаи кории хеш ҳаминро мегӯям, ки дар чунин мавридҳо беҳтарин навъи назорат ин назорати телефонӣ ва ё мукотибавист, мутаассифона, барои чунин намуди назоратҳо милиса ваколат надорад.
-Пас чӣ бояд кард?
-Акнун аз пештара дида мо ба ёрии бевоситаи муфаттиши прокуратура ниёз дорем.
-Дар ин бора ман бо сарвари гурӯҳи тафтишотӣ суҳбат хоҳам кард.
-Субҳи фардо аз пайи ҳамин кор шавед, - ба суҳбат нуқта гузошта гуфт Ҳамид Ҷовид.
Чун ман аз бинои милиса баромадам, ситораҳо дар осмон чашмак мезаданд.
...17...
Сари субҳ ман рост ба прокуратура рафтам. Чун муфаттиш дар маҷлиси назди патронаш буд, бандаро ба ҷуз интизорӣ чорае намонд. Аз чӣ бошад, ки ҳама он санаду мусаввараҳои дар девор овезон, ки аслан иқтибосҳое аз қонунҳои алоҳида буданд, ин дафъа таваҷҷуҳамро бедор накарданд ва ман дар рӯ ба рӯӣ даре, ки бо ҳарфҳои хоно “Муфаттиш Нӯшини Азиз” навишта шуда буд, нишастам.
Интизорӣ хеле тӯл кашид ва ниҳоят банда тобу тоқат аз даст дода, аз ҷой бархестам. Ҳанӯз аз зинаҳои пеши бино пурра нафаромада будам, овозеро, ки аз рӯйи рутбаи ҳарбиам бандаро ово намуд, шунида таваққуф намуда, 360 дараҷа ба самти овоздиҳанда тоб хурдам...

Дар бораи китобАсарҳои мунтахаб ҷилди 6

527 саҳифа

Аз аввал хондан