Дар рӯ ба рӯям ҳамон нафаре меистод, ки дишаб ман ҳамроҳи сарвари милиса ӯро ба некӣ ёд намуда будем. Ин дафъа ман нигоҳи муфаттишро чун нигоҳи Анна Каренина ба паровоз дарёфтам, нигоҳе чун нигоҳи он бонуи рус ба паровози аз перон дуршуда истода... Нигоҳе саропо аз суолҳои : -“Чаро рафти? Куҷо рафтӣ?”
-Гумон намудам маҷлиси шумо охир надорад, - узр пеш оварданӣ шуда гуфтам ман.
-Маҷлис ин ифодакунандаи иродаи мо не, балки дархости синфи ҳоким аст, аз ҳамин лиҳоз мехостам шумо ҳам маро фаҳмед.
-Бурд, бурди шумо, - гуфта ман дубора аз зинаҳо ба боло, ба самти дар ҳаракат намудам ва лаҳзае пас вориди дафтари кории муфаттиш шудам.
-Гумон мекунам, ташрифи субҳгоҳии шумо бесабаб нест ва ё боз сарвари милиса аз пай ҳалли муаммое шуморо ба ин ҷо фиристода?
-Сабаби ташрифи бандаро аз нигоҳи мантиқ дуруст баҳогузорӣ намудед.
-Гушам ба шумо, рафиқ капитан.
Ман андешаҳои хешро аз рӯӣ вазъи ба вуқуъпайваста ва нуқтаи назари сарвари мақомоти таҳқиқ (сарвари милиса дар назар аст) ба таври мухтасар баён намудам.
-Муҳим он аст, ки дар тамоми рафти тафтишот бори аввал нигоҳи мо дар хатти буриш аз як нуқта мегузарад.
-Дарё самти маҷрояшро худ муайян мекунад.
Дурусттараш вақт худ довари асили корҳои мо шуд.
Бубинед, нафси бад худи ронандаро ба гуфтани ҳақиқат маҷбур кард, ҳарчанд собит намудани дараҷаи гуноҳи вай осон нест. Файз Камол гурги борондида аст ва то ҷон дар рамақ дорад, баҳри собит намудани дараҷаи бегуноҳии хеш талош хоҳад кард.
-Пас вайро барои пурсиш даъват накунем?
-Ман чунин супориш дода наметавонам. “Мегӯянд обро дида мӯза каш...” ва агар бахши кофтукови ҷиноятӣ ба натиҷаи мусбии ҳаракатҳои хеш боварӣ дошта бошад, иҷрои амалиёт таваққуфро намепазирад.





