Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Ташаккур!
-Нӯши ҷон шавад, - гӯён котиба дубора ба сари он миз рафт ва баҳри худаш ба пиёла ду дона қанд андохта болояш об рехта пиёларо низ болои лаъличае гузошта, лаъличаро бардошта сари мизи кориаш омада нишаста гуфт:- Ман ҳайронам, ки чаро шеф қаҳваро талх менӯшад?
-Бисёриҳо шириниро хуш надоранд, шояд ҳамаашро сабаб ҳамин бошад, - гӯён ман пиёларо ба лаб бурдам ва дарк намудам. ки тамъи он аз дараҷаи миёна ҳам пасттар аст.
Маълум буд, ки қаҳвааш зиёдтар аст.
-То ба ин ҷо ба кор омаданам, милисаҳоро дар кӯча дида аз бекориашон ҳавасам меомад, - ниҳоят риштаи суханро ба даст гирифта гуфт котиба.
-Ҳоло чӣ?
-Ба фикрам, аз кори милиса дида кори мушкилтаре нест.
Ин суханонро аз забони нафаре шунидам, ки на беш аз ду ҳафта пеш ба коргоҳи мо ба кор омада буд.
-Ҳар кор мушкилие дорад ва агар касби хешро дӯст дорӣ, ҳама гуна мушкилот паси сар хоҳад шуд.
-Намедонам, вале баъди хатми донишгоҳ ба гумон аст, ки ман ёди ин даргоҳ намоям.
-Ҳамаи инро сабаб он аст, ки то кунун шумо аз сару бар ба ин баҳр ғӯтта назадаед.
-Шояд чунин ҳам бошад, вале барои зан дар чунин коргоҳ кору фаъолият намудан душвор аст...
Котиба боз чизе гуфтан мехост, вале дар кушода шуду сарвари ШКД пой ба остонаи қабулгоҳ гузошт.
-Хайрият омадед! - бандаро дида гуфт Ҳамид Ҷовид.
-Ҳеҷ сабаби ин даъвати таъҷилии шуморо нафаҳмидам.
-Ҳоло ҳамаашро мефаҳмед, - дари дафтари кориашро кушода истода гуфт сарвари милиса. Ҳамид Ҷовид сари мизи кориаш нишаст ва бандаро низ ба нишастан ҳидоят намуд.
-“Буз дар ғами ҷону қассоб дар ғами чарбу” гуфтани мардум беҳуда набудааст,-арзи дил намуд нафаре, ки бо амри хеш бандаро аз нимароҳ баргардонида буд. Соате пеш аз ШКД – и ноҳияи Сино занг зада буданд.
-Хуш бошад.

пешина
аз 527
навбатӣ