Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Фаҳмидам.
-Исто, ки ҳайати шахсӣ дар куҷост? Ҳатто ёваратонро ҳам надида истодаам?
-Ҳама дар толори маҷлисгоҳ.
-Яъне, бандаро низ барои ҳамин даъват намудаанд?
-Намедонам.
-Пас, кӣ медонад?
Нафаре, ки шуморо даъват намудааст...
Котиба сари компютер чизе менавишт. Баробари пой ба остонаи қабулгоҳ гузоштанам, вай лаҳзае ҳам бошад, пахши тугамачаҳои клавитураро мавқуф гузошта, нигоҳи суоломезашро ба сӯям дӯхт.
-Маро ҷеғ задед?
-Ман амри шефро ба гӯши шумо расонидам.
-Хуш ана ман омадам ва мехостам давоми амри сардорро шунавам.
-Марҳамат, гузашта шинед, - бо ишораи даст курсиеро нишон дода гуфт котиба.
Чун мақсаду мароми ин даъвати нобаҳангом ҳанӯз бароям норӯшан буд, таклифи котибаро пазируфта ба курсӣ нишаста, гӯш ба қимор шудам.
-Сардор ҳоло ҳамроҳи намояндаи Раёсати шаҳрӣ дар толори маҷлисгоҳ бо ҳайати шахсӣ суҳбат доранд, вале домулло гуфтанд, ки чун шумо пайдо шудед, дар ҳамин ҷо ӯро интизор шавед, - гӯён котиба аз сари мизи кориаш бархоста, ба назди тиреза рафт ва нигоҳашро ба саҳни ҳавлӣ дӯхт. Сипас тугмачаи “тефал”-ро, ки болои мизи пастаке дар назди тиреза меистод, пахш намуда пурсид: - Чой, қаҳва?
-Беҳуда ташвиш накашед.
-Ҳеҷ гап не, - гӯён ӯ аз пай тайёр кардани қаҳва шуд ва боз пурсид: -Ба шумо ширин ё...
-Миёнааш.
-Ман бошам, баръакс қаҳваро ширин карда менӯшам, - гӯён духтар ба пиёлаи ман як дона қанди сафед ва як қошуқча қаҳва андохта, аз тефал ба болояш оби ҷӯш рехт ва сипас пиёларо болои лаъличае гузошта, бо як эҳтироми хос онро ба сӯям дароз намуд.

пешина
аз 527
навбатӣ