Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 527 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳамаи инро сабаб он буд, ки дар асоси амри сардор котиба бандаро таъҷилан ба коргоҳ даъват намуда буд...
Ин ҷо бошад...
Чун манзиди хомӯшон.
Не садое,
Не гуле...
Не пари парвона...
Боз нафаре сари пулти телефонҳо ба ғанаб рафта.
Дар лаҳзаи аввал гумон намудам, ки ҳамаро бо ишораи “Бонги хатар” аз пайи иҷрои амалиёти муҳиме фиристодаанд ва ман аз иштирок дар чунин як маъракаи такдирсоз қафо мондам...
Рафту ман аз паҳлӯи он тирезаи шаффоф ҳам гузашта мерафтам, навбатдори ба ғанаб рафта оромию осудагии хешро халалдор намекард , вале ба хотири огоҳӣ ёфтан аз он асрори ниҳон, ки бандаро ба изтироб оварда буд, гулӯ рӯшан намудам.
Нафари сари пулти воситаҳои алоқа ба ғанабрафта яку якбора аз ҷояш ҷаҳида хест.
-Ҳа, рафиқ капитан, ин шумо?
-Бале.
-Гумон намудам, ки...
-Ҳамид Ҷовид омад, ҳамин хел?
-Ҳа, бар гузаштагонатон раҳмат, айнан ҳамин андеша бар сарам омад. Дидед, ман ҳатто пайхас накардам, ки шумо чӣ хел дарро кушодед, каме ғанабам бурдааст. Рафту сардор ин ҳолатро медид, қиёматро ба по мехезонд, худашон танҳо мешуданд, ба хайр буд, вале боз нафаре аз Раёсат ё Вазорат ҳамроҳашон.
-Барои ҳамин хоб рафтан лозим набуд.
-Ин ба гуфтан осон.
-Чӣ хел?
-Аз кӯҳ вазнинтар, аз асал ширинтар чист?
-Хоб, вале ин маънои онро надорад, ки...

пешина
аз 527
навбатӣ