Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

-Ин кас апаам Соҷида, - ҳамроҳашро муаррифӣ намуд Фотеҳ.
Сипас соҳибхона ҳамаи моро ба нишастан даъват намуд ва дар ҳузури мо дигарбора рафти ҳодисаҳоро барои пайвандони шоҳи хонадонаш, ки аз ноҳияи Бӯстон омада буданд, арзонӣ дошт.
-Мо кай метавонем ҷисми бародарро ба роҳи охират гусел намоем? - баъди каме ором шудани апааш пурсид Фотеҳ.
-Дар ин самт мушкилие пеш нахоҳад омад. Гумон мекунам фардо субҳ шумо ҷисми бародарро гирифта метавонед,- Фотеҳро бовар кунониданӣ шуда гуфт муфаттиш.
-Маросими видоъ дар куҷо баргузор мегардад? - пурсидам ман.
-Дар ин маҳалла касе ўро намешиносад, чунки онҳо ҳамаги се моҳ пеш ба ин ҳавлӣ кучида омадаанд, аз ин рў мо дар андешаи онем, ки ҷисми бародарро агар янгаам зид набошад ба хокдони диёр барем.
- Бандаи Худою хоки Худо ва чӣ лозим ўро аз ин ҷо бурдан? - бо каме парешонӣ овоз рушан кард Парвина Қамар.
-Тайи се моҳе, ки шумо ба ин манзил кӯчида омадед, тағйиротеро дар рўзгоратон ворид насохтед, янга, - изҳори нигаронӣ намуд бародари марҳум.
-Чӣ хел тағйирот? - пурсид соҳибхоназан.
-Охир гунҷишк не, балки як инсони комил дунёи фониро тарк намудааст, вале ману апаам чун вориди ин ҳавлӣ шудем, ягон ҳамсояро, ки баҳри баёни таъзия омада бошад, надидем, магар ҳамин ҳам зиндагӣ шуд. Шумо, агар малоли хотиратон наояд, бародари моро на танҳо аз зану фарзанд, балки аз ҳақу ҳамсоя ҳам ҷудо кардед. Дарди инсонро танҳо инсон мебардорад, вале шумо ҳамин чизро ҳам афсӯс ки нафаҳмидед.
-Охир ин маҳаллаи навсохт аст ва аксари биноҳо ба ташкилотҳои гуногуни хориҷӣ ба иҷора дода шудаанд, - паст наомада гуфт соҳибхона.
-Шахсе, ки хешу ақрабои шавҳарро чашми дидан надорад, чӣ тавр метавонад бо бегонагон созиш намояд.
-Чӣ хеле гуфтам, аксари ҳавлиҳои дар ин маҳалла қомат афрохта ба ташкилотҳои гуногун ба иҷора дода шудаанд, пас чӣ тавр мо метавонистем бо онҳо чун ҳамсоя рафтуомад намоем?




