Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 499 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • худро сафед карданӣ шуда гуфт Парвина Қамар.
    -Бурд бурди шумо янга, акнун дар ин ҷову ҷалол чун шоҳдухтар зиндагӣ мекунед.
    -Гумон доред, ки ман бародаратонро куштам?
    -Аёнро чӣ ҳоҷат ба баён.
    -Ман дар хона набудам, мефаҳмед.
    -Агар малоли хотиратон наояд, мегуфтед, ки дар куҷо будед?
    -Дар хонаи як дугонаам.
    -Чӣ тавр ин ҷову ҷалолро партофта, ба хонаи дугонаатон рафтед, ё аз набудани шавҳар истифода бурда...
    -Шуд, шуд! - нидо баланд кард Соҷида Қамар. - Ҳаминаш намерасид, ки дар ҳамин ҷо даст ба гиребон шавед,- додарашро ором намуданӣ шуда гуфт апа.
    -Бигузор диламро холӣ кунам, вагарна ин каждуми таги бурё (Фотеҳ ба тарафи янгааш ишора намуд ) боз аз об хушк мебарояд.
    -Фотеҳ, аққалан аз Худо шарм намо, - бародарро боз ҳушдор сохт апааш ва додар ин дафъа муҳри хомӯшӣ ба лаб зад.
    -Фотеҳ, - ба тарафи бародари марҳум нигариста гуфтам ман, - албатта, мо шуморо мефаҳмем, вале хоҳиш мекунам худро каме ҳам бошад, ба даст гиред. Мо тайёрем бо ҳар кадоми шумо дар алоҳидагӣ суҳбат намоем ва ҳар яқ каломи ба забон овардаатонро аз нигоҳи қонун санҷида бароем. Бе далел касеро гунаҳкор карда намешавад. Мақомотҳои тафтишотӣ ҳам чун худи шумо манфиатдор бар он ҳастанд, ки қотилро ошкор намуда, ба курсии ҷиноят кашанд. Ин на танҳо хоҳиши мо, балки талаби давлат ба иҷрои қонунҳояш ҳаст ва ҳар нафаре, ки аз доираи қонун берун пой мениҳад, дер ё зуд ба даст меафтад.
    -Бурд бурди шумо, рафиқ майор, чунки дигар бо ҳама ҷаҳду талош ҳам мо наметавонем бародарамонро баргардонем, вале талаб дорем, ки қотил дар назди қонун ҷавоб гӯяд.
пешина
аз 499
навбатӣ