Асарҳои мунтахаб ҷилди 5

Дар интиҳо ҳамаи мо ба мувофиқа омада аз он манзил берун шуда, барои давом додани суҳбат ба прокуратура рафтем.
...2...
Соате пас аз ба ғуруб рафтани офтоб ман аз бинои прокуратура берун шудам ва дар вақте ки моҳи нав абрўйи арўсро мемонду ба сайри замин баромада буд, пойи ба остонаи бинои милиса гузоштам. Дар дигар ҳолат мешуд, ман, албатта ба хона мерафтам, вале рафти ҳодисаҳои рухдода тақозо мекарданд, ки банда ин хаёли хомро аз сар дур созам. Охир чӣ тавр метавонистам ман ба хона равам, модоме ки инсоне ҳадафи тир қарор гирифта буд ва новобаста ба ҳама давлату сарваташ дар давоми он муддате, ки мо дар манзилаш будем, нафаре аз ҳамсоягон ва ё ёру дӯстонаш ба дарвозаи он ҳавлӣ ангушт назад, ҳарчанд дарвоза ҳам чун дигар дарвозаҳо дар ҳама чунин рӯзҳо кушода буд, вале дар он ҳавли не садое ва не гуле чун манзили ғарибон ва дар ин ҷода ҳақ ба ҷониби бародари марҳум Фотеҳ буд, ки аз дидани чунин манзараи ҳузновар изҳори нигаронӣ намуда буд. Ба ростӣ, ҳақ ба ҷониби бародари марҳум буд, чунки ман то ҳамон лаҳзаҳо гумон доштам, ки ҳамсояҳо аз қасрҳои бошукӯҳи хеш фаромада, баҳри изҳори ҳамдардӣ пой ба остонаи ҳавлии ҳамсояи дунёи фониро таркнамуда гузоштаанд, вале чун аз забони Фотеҳ ҳақиқати ҳолро фаҳмидем, тарбуз аз бағаламон афтид. Худоё наход дар байни инсонҳо дигар қадру қимате намонда бошад.
Бобоям ҳамеша баъди ҳар намози гузоштааш даст ба дуо бардошта мегуфт: - Худоё мо бандагонатро аз туҳмати...
аз ғорати...
аз ҳамсояи бад дар паноҳат нигоҳ дор. Бандаи ношукр субҳи имрўз ҳамин ҳолатҳоро ба инобат нагирифта, худро барои тарафдорӣ намудани суханони бобоям маҳалгаро номидам ва суханони сарватмандтарин инсони дунё ҷаноби Рокфелерро, ки дар ташаккули ҷамъият саҳми беандоза дорад, писандидам, бехабар аз он ки имрӯз дари ҳавлии нафареро, ки дар минтақаи хеш чун Рокфелер доро буд, баъди маргаш касе накушод. Чӣ дунёе,чӣ дунёе,чӣ дунё...
Ба ростӣ, ҳамсояҳои дар он маҳал бударо бад гуфтан ҳам намешуд, чунки онҳо фақат ба ном ҳамсоя буданд, дар асл бошад ҳар кадоми онҳо дар дигар маҳаллаҳо умр ба сар мебурд ва он қасрҳои кошии дар он маҳал бударо шояд бо маблағҳои калон ба иҷора дода буданд.




